Чанде пеш бо як гурӯҳ дӯстон ба сафари водии Яғноб рафтем. Кӯҳистони боғурур, табиати рангоранг, роҳҳои ноҳамвору душворгузар шавқи сафарро дучанд мекард. Аз Даҳана ном мавзеъ то минтақаи Сари Пул рафтем. Он ҷо сари роҳ бо як зумра мардуми маҳаллӣ вохӯрда бисёр шод шудем, зеро онҳо камари ҳиммат баста, болои рӯд пули нав месохтанд.
Шоири бузург ва инқилобӣ Абулқосими Лоҳутӣ фармуда:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?!
Воқеан ҳам, ин мардони қавииродаи кӯҳистон бо додани чунин савол ба худ пайи хидмати мардум шудаанд. Аз ҷумла бобои Иноятуллоҳи 90-сола, Саидмурод, Раҳматхон ва Мурод ном сокинони Яғноб якҷо шуда, ин кори хайрро оғоз кардаанд. Бо машварати аҳли диёр ҳар рӯз бо навбат 10 кас аз ҷавонон омада, барои бунёди пул меҳнат мекунанд.
Аз гуфтаи сокинон маълум шуд, ки дар водии Яғноб 33 деҳа арзи ҳастӣ карда, аз он дар 18 русто 177 хонавода зиндагӣ мекунанд. Боқӣ, дар 15 деҳаи дигар касе умр ба сар намебарад ва холист.
Бо вуҷуди ин, мардум умедворанд ва барои ободии як гӯшаи Ватан талош доранд. Беҳуда нагуфтаанд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Мардум бо он ҳадаф пайи сохтани пул ҳастанд, ки ба ин маскани нотакрор таваҷҷуҳи сайёҳон сол ба сол меафзояд. Марғзорон, чашмаҳои мусаффо, роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ, рӯдҳои шӯху шаффоф мисли оҳанрабо гардишгаронро аз чор тарафи дунё ба ин ҷо мекашад. Ба ин хотир, мехоҳанд риштаи робитаи сайёҳон бо баҳонаи набудани пул бо Яғноб канда нашавад.
Агар мо – ҳама мисли мардуми меҳнатқарини Яғноб пайи таъмиру таҷдиди зодгоҳи худ шавем, оҳиста-оҳиста Тоҷикистонамон пурра ободу зебо хоҳад шуд.
Абдуқаҳҳор МИРЗОЕВ, сокини шаҳри Ҳисор