Фаъолияти меҳнатии Сангинзода Эмин Нуъмон пас аз хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 18 шаҳри Конибодом соли 1979 ба ҳайси челонгари корхонаи “Тоҷикагрегат”-и шаҳри Душанбе оғоз меёбад. Солҳои 1980-1985 дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов таҳсил дошт. Пас аз гирифтани маълумоти олӣ, дар ДМТ фаъолияти педагогии худро ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ оғоз менамояд.
Ба корҳои илмӣ ҳанӯз айёми донишҷӯ будан шавқи зиёд дошт. Ҳамин дилбастагӣ нисбат ба илм буд, ки солҳои 1987 -1990 таҳсилро дар аспирантураи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов идома диҳад. Давоми хондан дар аспирантура аз рӯйи ихтисоси таърихи афкори иқтисодӣ дар мавзуи “Проблемаҳои кооператсияи хоҷагии қишлоқ дар адабиёти иқтисодии советии солҳои 20-уми асри ХХ” рисолаи илмӣ дифоъ карда, номзади илмҳои иқтисод мешавад. Олими ҷавон дар ин асари таҳқиқотии худ нақш ва мавқеи шакли кооперативии хоҷагидориро дар раванди такрористеҳсолкунӣ ва ташаккули минбаъдаи он ҳамаҷониба таҳлил намудааст.
Номзади илмҳои иқтисодӣ Сангинзода Эмин Нуъмон солҳои 1990-1993 дар ДМТ ба ҳайси муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсии факултети иқтисодӣ фаъолият намуда, ҳамзамон корҳои илмии худро идома медод.
Минбаъд ӯ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбар, сармутахассис, ёвари роҳбари Дастгоҳ, мудири котиботи гурӯҳи кории президентӣ оид ба такмил додани системаи идоракунии давлатӣ ва мудири Маркази ҳамоҳангсозии ёрмандиҳои беруна (солҳои 1997-2004), раиси шаҳри Конибодом (солҳои 2004-2006), муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2007-2010), муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (солҳои 2010-2020), муовини якуми директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба илм пурсамар фаъолият дорад. Мавсуф, ҳамчунин, узви Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ буда, дар фаъолияти ин созмони бонуфузи ҷамъиятӣ низ саҳмгузор аст. Ӯ дар мавзуъҳои такмили идоракунии давлатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, такмил додани низоми таъминоти нафақаҳои давлатӣ ва суғуртавӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат силсилаи мақолаҳои илмӣ омода намудааст, ки дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ чоп гардидаанд. Дар як қатор конференсия, курсҳои такмили ихтисос ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар Вашингтон, Вена, Тел-Авив, Брюссел, Манила, Прага, Ханой, Будапешт, Амстердам иштирок ва суханронӣ доштааст. Сангинзода Эмин Нуъмон бо ордени Шараф дараҷаи дуюм қадр шудааст.
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон