Дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо рушди ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Эрон ба татбиқи сиёсати созандаи сарварони ду давлати ба ҳам дӯст марбут донистанд. Ҳамчунин, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва доиршавии форуми соҳибкорони ду кишвар, баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар тадбирҳои зарурии амалишуда барои таҳкими равобити дуҷониба муҳим арзёбӣ гаштанд.
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
Дар пойтахти мамлакат таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шонздаҳум, даъвати шашум, доир гардид.
Аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, ки дар иҷлосия оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шунида шуд. Раис оид ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ, дастовардҳои иқтисодии пойтахт ва дигар самтҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумот дод.
Зиёд шудани ҳаҷми музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд мешавад. Дар ин хусус дирӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён шуд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин, иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд шавад. Аз 1-уми июли соли 2024, ҳамчунин, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд мегардад.
Аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомониро дар як моҳ ташкил хоҳад дод.
М. ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"