Дар дунё кишвареро ҳамчун Тоҷикистон ё миллатеро ҳамчун тоҷикон кам медонем, ки сарнавишташон бо сарнавишти Сарвари давлаташон то ин ҳад пайваставу вобаста бошад. Барҳақ, Тоҷикистони навин чеҳраи мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сари болои ӯ сари болои тамоми миллат мебошад!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баракати истиқлол ва ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода ва амалӣ гардидани ин таҷрибаи пешқадам оғоз гардид ва дар ҳама соҳаҳо ислоҳоти маданӣ шуруъ шуда, то ба имрӯз бо суръати баланд идома дорад.
Махсусан, дар низоми таҳсилот ислоҳот ҷорӣ гардида, ба рушди илму инноватсия асос гузошта шуд. Фарҳанг ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат дастгирӣ ёфта, анъанаҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ рушд карда, новобаста ба синну сол одамон ба ин ҷода рағбат пайдо намуданд.
Таҳаввулоти маданӣ ба рушди бесобиқаи илму маориф, санъату фарҳанг ва дастгирии ин самтҳои афзалиятнок алоқаманд мебошад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ ба ин соҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, махсусан дар ду даҳсолаи охир наврасону ҷавононро ба илмомӯзӣ, забономӯзӣ ва дуруст аз бар кардани нозукиҳои касби дӯстдоштаашон даъват мекунанд ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ низ баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ масъалаҳои асосии илму маорифро таъкид карда, ҷиҳати пешрафти самтҳои мазкур пешниҳодҳои наву муҳим манзур месозанд. Чунончи, дар як Паёми хеш таъкид карданд: «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Сарвари хирадманди кишвар бо ин таъкидҳои оқилонаи худ наврасон ва ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва, инчунин, китобхонӣ даъват карда, муҳим будани ин амалҳои шоистаро барои ҷомеаи мо саривақтӣ медонанд.
Робиямоҳ ШАРИПОВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ №6, ноҳияи Исмоили Сомонӣ