Ҳарчанд тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ зимистони имсола хунуку сербориш пешгӯӣ намешавад, масъулони соҳа дар вилояти Хатлон ҷиҳати хуб гузарондани фасли сармо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ҳамин радиф, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулин аз ҷониби Филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар иҷрои фонди таъмирӣ то имрӯз дар сатҳи 141 фоиз таъмин гардидааст.
Бо мусоидати филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб бошад, танҳо дар ин давра бо қувваи худӣ 36 трансформатор аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8-то зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби масъулини филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар бо мақсади коҳиш додани талафоти неруи барқ низ як қатор тадбирҳои муфид роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, нақшаи чорабиниҳо доир ба таъмини фаъолияти боэътимоди зеристгоҳҳои барқӣ дар давраи раъду барқ иборат аз 19 банд ва нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагии зеристгоҳҳои барқӣ ба мавсими боришот ва омадани сел иборат аз 12 банд таҳия ва пурра татбиқ шудаанд.
Бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ ва корхонаҳо бо ангишт, гази моеъ, керосин ва ҳезум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 451 нуқтаи фурӯши ангишт ва 337 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, барои зиёд намудани нуқтаҳои фурӯш аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъулини шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронӣ 14205 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 32,8 тонна ангишт, 165 метри мукааб ҳезум, 45600 тонна сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо назардошти бақияи зимистони соли гузашта 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати хариди маводи сӯзишворӣ барои зимистонгузаронӣ дар соҳаи маориф 13433,8 ҳазор сомонӣ ва соҳаҳои тандурустӣ 1959,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар ин замина, то имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба миқдори зарурӣ ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, печкаҳои аловӣ ва гармкунакҳои барқӣ захира шудаанд.
Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маводи зарурии озуқаворӣ дар давраи тирамоҳу зимистон, новобаста аз шакли моликият, 61 анбор ва 66 сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти доимӣ доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон минбаъд низ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати омода намудани соҳаҳо ба зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Руҳафзо МУРОДОВА
“Ҷумҳурият”