Миллати тоҷик дар миёни мардуми олам бо фарҳанги бой ва расму оинҳои худ маъруф гардидааст ва он дар натиҷаи эҳтиром гузоштан ба анъанаҳои ниёгони хеш мебошад. Сиёсати давлат низ, ба таблиғ ва ҳифзи тамаддуни миллӣ нигаронда шудааст. Ҳамакнун фарҳанги бою ғании тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ ба мушкилиҳо ва дигаргуниҳо дучор шуда, бо назардошти тараққиёти дунё кӯшиши ҳамнабзи ҷаҳон буданро дорад.
Тӯй анъанаи деринаи халқи мост. Ҳангоми ба шавҳар баромадани духтар тарафи домод тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад, то бо сари баланд ва ифтихор маросими издивоҷро анҷом бидиҳад. Яке аз одатҳои накуи модари тоҷик, омода кардани фарзанд барои издивоҷ мебошад. Барои ёрӣ расондан ба модарон дар ин самт Маркази омӯзишии "Леди Мастеритса" курсҳои омодасозии ҷавононро ба издивоҷи оянда роҳандозӣ намуд. Суҳбати мо бо сотсиолог Фирӯз Миров дар ҳамин мавзуъ доир шуд:
– Ҷаҳонишавӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа таъсири худро мерасонад. Урфу одатҳои мо низ, истисно нестанд. Ин курсҳои омӯзишӣ ҷойи он донишу маҳорате, ки модар ба духтар медиҳад, гирифта наметавонанд, аммо ин одати миллати мо дар натиҷаи глобализатсия бо дигар тарзу услуб кори худро амалӣ месозад. Чи хеле ки либосҳои миллӣ ба тарзи замонавӣ дӯхта мешаванд, духтари тоҷик ҳам барои ҳамқадами замон будан тарзи рафтору кирдор, муошират ва ҳунармандиро ба таври замонавӣ бояд биомӯзад, – гуфт ӯ.
Ба иттилои Шабнам Шобдуллоева, менеҷери Маркази омӯзишии “Леди Мастеритса“, якумин гурӯҳи духтароне, ки курси "Арӯси замонавӣ"-ро гузаштанд, хонандагони синфҳои болоӣ буданд. Ҳамаи онҳоро модаронашон сабти ном кардаанд ва касе аз онҳо дар арафаи издивоҷ қарор надошт. Курси омӯзиширо барои аз худ кардани ҳунарҳое, ки дар оянда чун зан ба онҳо лозим мешавад, гузаштаанд.
– Чуноне мушоҳида мешавад, бархе хушдоманҳо аз арӯси худ норозианд. Ҳатто он боиси пошхӯрии оилаҳо мегардад. Мо курси омӯзишии худро дар асоси он чизе, ки ҷомеаи модерн аз як духтари тоҷик талаб мекунад, тартиб додем. Барои мисол, тарзи оро додани дастархони миллӣ ва аврупоӣ, мастер - класси ороиши мӯй ва рӯй, омода сохтани таому хӯришҳои ҳам миллӣ ва ҳам аврупоӣ ва дигар ҳунарҳое, ки ба духтарон лозим мешаванд, – гуфт менеҷери Марказ.
Шабнам Шобдуллоева таъкид сохт, ки роҳандозии омӯзишҳо барои духтарон баҳри омода шудан ба оиладорӣ баробари омӯхтани забони хориҷӣ ба роҳ монда шуда, ҳамакнун барои пешрафти онҳо дар радифи дигаргуниҳои иҷтимоӣ роҳҳои зиёд пайдо гаштаанд. Падидоии ин раванд ба раванди замонавӣ шудани духтари тоҷик мусоидат менамояд ва барои боварӣ ҳосил кардан аз ҳунари худ замина мегузорад. Ногуфта намонад, ки як ҷиҳати басо муҳими курс гузаштани дарси психология буд. Омода сохтани духтарон аз ҷиҳати равонӣ ба ҳаёти оилавӣ, вазифаву уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои ҷонибҳо барои духтарон пеш аз издивоҷ хеле муҳиманд.
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"