Дар шаҳри Хоруғ масъалаи бунёди 8 корхонаи саноатӣ ба миён гузошта шуд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ин дафъа бо нақшаи амали 4 корхона аз наздик шинос шуданд. Лоиҳаи эҳёи корхонаи коркарди маҳсулоти шириву гӯштии ҶДММ “Панҷ” аз ҷумлаи ин корхонаҳои оянда мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси қарордоди байни Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ҶДММ “Панҷ” тасмим аст, ки таҷҳизоти муосири коркарди ширу гӯшт аз ҳисоби Вазорат дастраси ширкат гардида, дар навбати худ, ширкат бинои корхона барои коркарди шир, гӯшт, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ бунёд намояд. Бинои куҳнаи корхона, ки шаш метр баландӣ дошт, азнавсозӣ гардида, қабати якуми он, аллакай, ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ аз нав сохта шудааст.
Раиси вилоят дар рафти мулоқот бо роҳбарияти ҶДММ “Панҷ” таъкид намуд, ки ин иқдом дар ҳошияи барномаи вижаи давлатӣ ҷиҳати саноатикунонии вилоят ба нақша гирифта шуда, ҳадаф аз он иборат аст, ки, пеш аз ҳама, маҳсулоти ниҳоии он бояд рақобатпазир бошад. Бо ба кор даромадани ин корхона сокинони вилоят имконият пайдо менамоянд, ки маҳсулоти ширию гӯштии худро дар дохили вилоят ба фурӯш бароранд.
Сипас, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аз ҶСК “Ависенна” –
корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши вилоят дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол ин корхона фаъолияташро дар доираи дорухонаи рақами 12-и шаҳри Хоруғ ба роҳ монда, бо бунёд гардидани иншооти муосир фаъолияти он густариш меёбад. Бо оғози фаъолияти корхонаи нави дорусозӣ ният аст, ки аз 40 то 80 фоизи маҳсулоти он танҳо аз ҳисоби рустаниву гиёҳҳои шифобахши ҳудуди вилоят тайёр карда мешаванд. Раиси вилоят зикр кард, ки корхона агарчи аз соли 2003 фаъолият дошта бошад ҳам, то ҳол танҳо аз 50 намуди рустаниву гиёҳҳои маҳаллӣ маҳсулоти дорувории аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дору тайёр менамояд. Ин ҳанӯз кофӣ нест. Бинобар ин, ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки бо ба кор андохтани корхонаи нав то 150 намуди рустаниву гиёҳҳои маҳаллиро барои дорусозӣ истифода намуда, теъдоди коргарони он низ бамаротиб зиёд карда шавад.
Ҳангоми боздид аз сохтмони корхонаи коркарди равғани рустанӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алишер Насратшоев дар маҳаллаи Хоруғи Боло иттилоъ дода шуд, ки бо дастрас гардидани таҷҳизоти коркарди равған аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин корхона ба фаъолият оғоз менамояд. Ин ташаббус дар заминаи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2023” амалӣ гардида, тибқи нақша, корхона дар як шабонарӯз то 500 литр равғани рустаниро коркард ва истеҳсол хоҳад кард. Ҳамчунин, ният аст, ки дар заминаи корхонаи коркарди равған аз ҳисоби пасмондаи он истеҳсоли собуни ҷомашӯӣ низ ба роҳ монда мешавад. Дар ҳошияи муаррифии лоиҳаҳо, ҳамзамон, суҳбати раиси вилоят бо сокинони шаҳри Хоруғ перомуни таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти вилоят ва рушди бесобиқаи он дар солҳои охир, таъмин намудани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ ва дастгирии бахши хусусӣ сурат гирифт.
Баъдан, ҳайати расмӣ аз корхонаи дигари саноатии маркази вилоят – ҶСК “Помирсохтмон” боздид ба амал овард. Корхона хокаи сохтмонии ротбану шпаклёвка ва газоблокро истеҳсол менамояд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи навбунёд то 5 тонна хока дар як шабонарӯз буда, дар ҳаҷми то 20 метри мукааб газоблок истеҳсол мекунад. Таҷҳизоти зарурии коркард, аллакай, вориди корхона гардида, баъди васлу насб ният аст, ки корхона фаъолияти густурдаро ба роҳ мемонад. Раиси вилоят ба муассисони корхона тавсия дод, ки барои бозоргир шудани маҳсулоти ниҳоии корхона аз санги мармари маҳаллӣ истифода намоянд, зеро санҷишҳои лабораторӣ собит карданд, ки маҳсулоти аз хокаи санги мармар тайёркардашуда дар муқоиса бо маҳсулоти муқаррарии сохтмонӣ, дорои сифати баландтар мебошад. Зимни мулоқот дар маҳали сохтмони корхонаи навбунёд бо сокинони шаҳри Хоруғ оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба минтақаи транзитӣ табдил додани вилоят, вусъати сохтмони шоҳроҳи иртиботӣ ва бунёди силсиланеругоҳҳои обию барқӣ ва бодию офтобӣ табодули назар карда шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”