Ҳаҷми солонаи ҳамлу нақли мусофирон соли 2023 бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1 миллион нафар расид, ки дар таърихи фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишондиҳандаи баланд (рекорд) маҳсуб мешавад.
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба хатсайрҳои 5 ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия – «Урал», «S7», «Ut Air», «Nordwind», «Ямал» ва як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ "Сомон Эйр" хизматрасониро роҳандозӣ мекунад.
Дар байни ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ теъдоди зиёди иҷрои хатсайрҳо ба ширкати ҳавопаймоии «Урал» рост меояд, ки дар соли 2023-юм 565 ҳазор нафар мусофирро интиқол додааст, ки ин наздик ба 55 дарсади ҳаҷми умумии солонаи мусофиркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки агар афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ бо зиёдшавии аҳолии мамлакат марбут бошад, пас сабаби дигараш ин аст, ки дар тамоми ҷаҳон имрӯз авиатсияи гражданӣ аз ҳама воситаи нақлиёти бехавфу қулайи ҳамлу нақли мусофирон маҳсуб мешавад. Бешубҳа, ҳаҷми рӯз ба рӯз афзоишёбандаи ҳамлу нақли мусофирон тақозо менамояд, ки инфрасохтори Фурудгоҳ, қабл аз ҳама, аэродроми он барои қабули ҳама гуна ҳавопаймоҳо мувофиқ карда шуда, масоҳати биноҳову иншооти хизматрасонии он ба талаботи дахлдор мутобиқ бошад ва иқтидори мусофиргузаронии терминал бояд бо теъдоди мусофирон мувофиқат кунад.
Хушбахтона, имрӯз инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва фаъолияти шабонарӯзии он барои қабулу гусели ҳама гуна ҳавопаймоҳо ва теъдоди гуногуни мусофирон мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ омода аст.
Лозим ба зикр мебошад, ки соли 2024-ум 100-солагии таъсисёбии авиатсияи граждании Тоҷикистон таҷлил мешавад ва барои кулли кормандони Фурудгоҳ боиси хушбахтии бузург аст, ки ин санаи таърихиро сазовор ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳими Фурудгоҳ таъмини бехатарии авиатсионӣ ва парвозҳо буда, дар тули беш аз 32 соли соҳибистиқлолии кишвар Фурудгоҳ бидуни талафоти ҷонии мусофирон ба дастовардҳои шоиста ноил гардидааст. Дар байни 1 миллион нафар мусофири Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мусофири хурдсол Ойиша низ ҳаст, ки ӯ 14-уми январи соли 2023 дар баландии 10 ҳазор метр, дар хатсайри Жуковский – Хуҷанд, ки ширкати ҳавопаймоии «Урал» иҷро намудааст, ба дунё омадааст.
Ҳайати кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тасмим доранд, ки фаъолияти худро дар заминаи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, рисолати аслии хеш – ҳамлу нақли бехатари мусофиронро таъмин созанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”