ФУТБОЛ
Рустам Ятимов – беҳтарин футболбози соли 2023
29-уми декабри соли 2023 дар толори «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросим беҳтаринҳои футболи кишвар дар соли 2023 эълон гардиданд. Аз ҷумла, дарвозабони 25-солаи бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин футболбози соли 2023, ҳамчунин, беҳтарин дарвозабони мавсим эътироф гардид.
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – беҳтарин бозигари лигаи якум; Боир Игамбердиев («Панҷшер») – беҳтарин мураббии лигаи якум; Шоҳин Боев (“Моҳир”) бо 33 гол – беҳтарин нишонзани лигаи якум; Муҳаммад Назриев («Истиқлол») – беҳтарин бозигари ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ; Шамсиддин Қосимов (КМВА) – беҳтарин мураббии ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ; Рустам Давлатов (КМВА) бо 25 гол – беҳтарин нишонзани ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ; Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) – беҳтарин довар; Холмурод Назаров («Равшан») – беҳтарин ҳимоятгар; Амадонӣ Камолов («Истиқлол») – беҳтарин нимҳимоятгар; Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – беҳтарин ҳамлагар; Алишер Ҷалилов («Истиқлол») бо 13 гол – беҳтарин нишонзани Лигаи олӣ; Евгений Гритсенко («Равшан») – беҳтарин легионери Чемпионати Тоҷикистон ва Игор Черевченко («Истиқлол») – беҳтарин мураббӣ дониста шуданд.
Ба бозигари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва сармураббии “Равшан” Тоҳирҷон Муъминов ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим гардид.
БОКС
Соли 2024 дар сатҳи қитъа кадом мусобиқаҳо доир мешаванд?
Конфедератсияи бокси Осиё барои баргузории се чемпионати қитъавӣ дар соли 2024 омодагӣ мегирад ва ба муштзанҳои тамоми синну сол имкон медиҳад, маҳорати худро намоиш диҳанд.
Бо тақвими мусобиқаҳои соли 2024, ки аз ду мусобиқаи интихобии ҷаҳонии олимпии бокс ва бозиҳои олимпӣ иборат аст, Конфедератсияи бокси Осиё ба нақша гирифтааст, ки ду чорабинии худро пас аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор кунад.
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола қарор аст моҳи апрел, байни ду мусобиқаи интихобии ҷаҳонии бокс баргузор шавад. Пас аз ин, моҳи август Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон дар назар аст. Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни калонсолон моҳи ноябр, се моҳ пас аз бозиҳои олимпӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”