Дирӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷаласа аъзои Кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуда, оид ба рафти омодагӣ ва корҳои ташкилӣ вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим доир мегардад, ҳисобот доданд. Тибқи барнома, дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар нақша аст.
РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАРНОМАИ МАХСУСИ СММ БАРОИ ИҚТИСОДИЁТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Соли 2024 Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар саммити СПЕКА, ки 24-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати якҷо бо давлатҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчӯби Барнома муайян шудаанд, иброз намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО САФИРОНИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИДМ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони фавқулода ва мухтори ҷумҳуриҳои Озарбойҷон Алимирзамин Аскаров, Беларус Виктор Денисенко, Қазоқистон Валихан Туреханов, Федератсияи Россия Семён Григорев ва Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ вазир бо таъкид ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин давлатҳо онҳоро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Маркази матбуоти Вазорат иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои асосии соли сипаришуда, инчунин, нақшаву ҳадафҳо барои дурнамо табодули афкор намуданд.
ВОРИДОТИ АВТОМОБИЛҲОИ БАРҚӢ БА ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ МЕЁБАД
Солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқӣ то ба 20-30 дарсади шумораи умумии мошинҳои ба Тоҷикистон воридшаванда зиёд карда мешавад. Чунин тадбирҳо дар доираи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028 ба нақша гирифта шудаанд.
Лоиҳаи Барнома, инчунин, Нақшаи тадбирҳои он дар марҳалаи якум (солҳои 2023-2025) аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2022 тасдиқ гардидааст. Барнома барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, мутобиқ кардани он ба тағйирёбии глобалии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологии кишвар, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва мусоидат ба некуаҳволии аҳолӣ, таъмини дастрасии умумӣ ба манбаъҳои арзон, боэътимод, устувор ва муосири энергия барои ҳама равона гардидааст.
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йорк Шуграф мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишвари Олмон дар соҳаи тандурустӣ сухан ронда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат ба ҷониби Олмон миннатдорӣ изҳор шуд. Махсусан, аз ҳамкориҳои Вазорат бо Бонки рушди Олмон (KfW) ва Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ёдовар шуданд. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз дафтари матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.
ИСТГОҲИ АГРОМЕТЕОРОЛОГИИ «ҲИСОР» АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ БАРОМАД
Истгоҳи агрометеорологии «Ҳисор»-и Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири метеорологӣ, агрометеорологӣ ва маводи хоҷагидорӣ таъмин гардид.
Аз Кумита ба мо иттилоъ доданд, ки истгоҳ соли 1968 бунёд гардида, дар он мушоҳидаҳои метеорологӣ ва агрометеорологӣ бо усули дастӣ гузаронда мешаванд. Натиҷаи онҳо дар раванди таҳияи пешгӯиҳои агрометеорологӣ, маълумотномаҳои иқлимӣ ва банақшагирии раванди киштукор дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав ва Рӯдакӣ истифода мегарданд.