Михаил Андреев бештар аз шаст китобу мақолаҳои илмӣ таълиф кардааст ва чандин дастнависҳои арзишмандаш дар бойгониҳо маҳфузанд. Дар байни осори боқигузоштаи Андреев «Материалҳо доир ба этнографияи қабилаҳои Осиёи Миёна», «Ишкошим ва Вахон», «Забони язгуломӣ», «Оид ба муносибатҳои оилавии тоҷикони қадим», рисолаи дуҷилдаи «Тоҷикони водии Хуф» арзиши ниҳоят бузурги илмӣ доранд. Ҷилди аввали «Тоҷикони водии Хуф» соли 1953 ва ҷилди дуюмаш соли 1958 бо шарҳу эзоҳи Антонина Писарчик (ҳамсари Андреев) чоп шудааст. Бознашри китоби «Таджики долины Хуф» («Тоҷикони водии Хуф», 2020) армуғони арзишманди замони истиқлол аст, ки тавассути шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ба нашр расидааст.
ЗИНДАГИНОМАИ ПАЖӮҲИШГАР
Михаил Андреев 11-уми сентябри соли 1873 дар Тошканд ба дунё омад. Аз хурдсолӣ забони тоҷикиро меомӯзад. Баъди хатми семинарияи муаллимии шаҳри Тошканд (1893) ба пажӯҳиши забонҳо ва адабиёти мардуми Осиёи Марказӣ машғул гардид. Аввалин мақолаҳояш зери унвонҳои «Маконе дар водии Ангрен» (1893). «Бозмондаҳои оинҳои парастишӣ дар миёни мардуми маҳаллӣ» (1895) ба чоп расидаанд.
О. А. Воднева менависад: “Андреев соли 1926 ба Афғонистон сафар карда, материалҳои пурбаҳое аз забон, шева ва зиндагии тоҷикони дараи Панҷшер ҷамъ меорад. Маҳсули ҷустуҷӯҳои ӯ аз Афғонистон дар ин китоб ҷамъ аст: “По этнологии Афганистана. Долина Панджшир”.
10-уми ноябри 1948 дар шаҳри Душанбе чашм аз ҷаҳон мепӯшад ва гӯраш дар мазори Сари Осиёст. Ӯ “Тоҷикони водии Хуф”-ро солҳо бо хуфиён зиста, сокини ин макон ва азизи мардумаш гардида, навиштааст. Мавсуф Ходими хидматнишондодаи илмии Тоҷикистон аст.
КОРИ АНДРЕЕВ АЗ НАЗАРИ ПАЖӮҲИШГАРОНИ ТОҶИК
– Андреев бештари умри худро бо омӯзиши фарҳанги эрониёни шарқӣ – тоҷикони минтақаи Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон, пайваст. Ӯ дар раванди фаъолияти кории худ дар таълими забон, созмон додани осорхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳо ҳиссаи арзанда гузошт. Қисми зиёди ҳаёти худро ба тоҷикони водии Хуф бахшида, ҳаёт, фалсафа ва асрори зиндагии хуфиҳои кӯҳиро бо ишқу алоқаи фаровон омӯхт, – изҳор медорад Ҳайдаршо Пирумшоев, профессори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.
– Дар аввали асри ХХ Андреев ба супориши К. Г. Залеман ба гирдоварии лаҳҷа ва расму оинҳои тоҷикони кӯҳистон, ба вижа Бадахшон машғул мешавад. Ӯ аз соли 1925 яке аз муассисон ва фаъолони созмони «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он» буд. Бо ибтикори ин созмон китобе зери унвони «Тоҷикистон» (1925) ба нашр расид, ки дар он мақолаи Андреев бо номи «Оид ба этнографияи тоҷикон. Баъзе иттилоот» нашр шудааст.
Соли 1934 Андреев ба Помир аз нав баргашт. Ин дафъа экспедитсия зери роҳбарии ӯ бо супориши Кумитаи мардумии шуравии ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо мақсади пурра намудани маводи этнографӣ ва забоншиносии қаблан ҷамъоваришуда дар водии Хуф ва дар минтақаҳои Панҷ, қисмати поёнтари Помир ташкил карда шуд. Олим то ҳадди имкон тоҷикиро хуб медонист ва давоми шаш моҳ шеваи хуфиро ҳам омӯхт. Аз соли 1947 ба Душанбе омада, дар Академияи илмҳо ба кор шуруъ кард. Мардумшиносони машҳури тоҷик Н. Нурҷонов ва М. Раҳимов аз шогирдони ӯ мебошанд, – иттилоъ дод Қурбон Аламшоев, номзади илми таърих.
Водии Хуф дар баландии аз 2700 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Мувофиқи маълумоти забоншиносон, ҷойноми «Хуф» аз забони порсии қадим – «кауфа» (kaufa - кӯҳи баланд) гирифта шудааст. Кӯҳи Қоф ва калимаи Қафқоз (Кавказ) бо ин калима наздиканд.
Дар китоб маълумоти қимат оид ба таърих, ҷуғрофия, иқлими Хуф, дар бораи мавқеи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангии хуфиҳо ҷамъ шудааст.
Бино ба гуфтаи муаррихону энтографон, дар ним асри охир дар бораи ҳаёти маишии тоҷикон, бавижа тоҷикони Бадахшон чунин маводи арзишманд ба вуҷуд наомадааст. Арзиши китобро аксҳои бисёр қимат боз ҳам болотар мебаранд.
ХУФ ВА АНДЕШАИ НОДИРЕ ДАР БОРАИ ТОҶИКОН
Дар поёни ин матлаб овардани гуфтаҳои ин андешаманди рус дар мавриди шинохти тоҷикон дар соли 1925 бисёр мувофиқ хоҳад буд, ки аз забони русӣ номзади илми таърих, бостоншинос Усмон Эшонзода тарҷума кардааст:
“Ба хулқу хислат ва машғулияташ тоҷик бо фарҳанги ниёкон ва гузаштаи бузурги таърихиаш ҳатто баъди аз байн рафтани шуҳрати сиёсии худ низ бетаъсир намондааст. Ҳамчун деҳқони асил ва пуркор, соҳибмероси тамаддуни баланду қадимаи зироаткорӣ, тоҷик имрӯз аз дигар халқҳои Осиёи Миёна бо ҳунари волояш фарқ мекунад. Иншооти обёрие, ки ин халқ ихтироъ кардааст (аз ҷумла корезҳои олиҷаноб), бинандаро чи дар Афғонистону Эрон ва чи дар Чини ғарбӣ ба ҳайрат меоварад.
Иншооти мазкур дар замонҳои хеле қадим бо истифодаи асбоби одӣ бунёд гашта ва мо ба заковати офаринандагонаш аҳсан мегӯем.
Муҳаббат ба тозагии ҷойи зист, ба роҳат ва ҳузуру ҳаловат, ба таври хоса ва кӯшишу ҳавсалаи том дарахтзор кардани атрофи манзили хеш, назди ҳавлии худро бо гулзор оро додани аксар оилаҳо, осори файзборе ҳастанд аз ҳамон фарҳанги бостон. Суфаҳои гилини шоиронаву зебо, ки дар сояи дарахтон, лаби ҳавзҳо сохта шудаанд, низ аз ҳамин замина ибтидо мегиранд. Ин макони кайфу сафо, фароғати тобистона, қабули меҳмонон ва ҷойи маъмули зисти аҳли хонавода дар соатҳои фориғ аз кор аст.
Сабаби дилдода будани тоҷик ба назм, ки дар фазои фарохдомани Эронзамин шоирони зиёди оламгир ба дунё овардааст, ишқу ҳавас ба мусиқию рақс ва базмороӣ низ таъсири ҳамон фарҳанги қадим аст. Тоҷик дӯстдори сухангустарист, маҳфилҳои серодамро бағоят меписандад. Ин хислатҳо амсоли хатти сурхе дар тамоми ҷараёни рӯзгори тоҷик ба чашм расида, бахусус, дар фасли зимистон, даме ки дар ихтиёри ӯ вақти холӣ бисёр аст, хуб ҷилва менамояд.
Тоҷикон мардуми мулоимтабиатанд, хусусан бо кӯдакон хушмуомилаанд. Тифлро беҳад навозиш кардани тоҷики калонсол шахси бегонаро ба ҳайрат меоварад. Бачагони ба воярасидаро низ тоҷикон назар ба дигар халқҳо камтар ҷазо медиҳанд. Муносибати тоҷик ба зан низ ҳалимона аст.
Майлу рағбат ба гулу шеърият, суруду мусиқӣ, андаке шуҳратпарастӣ, зебу зинатро дӯст доштан ба тоҷик халал намерасонад, ки шахси кордон ва дар масъалаҳои рӯзгор чусту чолок бошад. Ӯ одатан бағоят тезҳушу зирак аст. Дар ҳама гуна шароит чашми корро зуд меёбад ва туфайли зиндадилию кордонӣ дар ҷойи нав дарҳол мутобиқ шуда, нонашро ёфта мехӯрад. Дар шаҳр ӯ чӣ қадар ҳунарманди гулдаст бошад, дар саҳро бо ҳамин сатҳ кишоварзи мумтоз аст. Тавре ки ҳаёт собит сохт, тоҷик бо зинаҳои нардбони маъмурӣ бомуваффақият боло баромада, дар ҳукуматдорӣ аксаран шахси ивазнашаванда мегардад. Тиҷорат низ барояш ҷабҳаи азалист ва савдои чакана маҳз дар дасти тоҷикон гул-гул мешукуфад.
Тоҷикон дар маҳалҳои зисти худ сатҳи баланди фарҳангро нигоҳ доштаанд. Ва аз шаҳодати муҳаққиқоне, ки тоҷиконро тасвир мекунанд, онҳо аҳолии бағоят осоишта мебошанд, сахт мутаассиб нестанд. Дар зиндагии онҳо бештар урфу одатҳои ба таомулҳои мусулмонӣ омезишёфтаи замони тоисломӣ дучор меоянд”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”