Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ВМКБ
Дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», мулоқоти роҳбарони шаҳри Хоруғ бо сокинони шаҳраки Шоҳтемуриён баргузор гашт.
Тавре хабарнигори минтақавии мо Раҳмони Гулзор иттилоъ дод, зимни вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Хоруғ Носир Суризода зикр кард, ки эълон намудани соли 2024: Соли маърифати ҳуқуқӣ дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад. «Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбирҳои саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муассири миллӣ мебошад», – гуфт Н. Суризода зимни суҳбат.
Барқияи изҳори тасаллии Раиси Маҷлиси миллӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон
Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар барқия чунин омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Дар робита ба ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон ба Шумо ва мардуми Эрон ҳамдардии амиқи худро баён менамоям.
Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат оид ба натиҷаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2023 ибрози қаноатмандӣ намуда, тамоюли босуръат густаришёбандаи ҳамкориҳоро дар ҳамаи самтҳо зикр карданд. Табодули афкор, инчунин, роҷеъ ба танзими масъалаҳои вохӯриҳои сатҳи олии дарпешистода ва чорабиниҳои канорӣ дар ҳошияи онҳо дар самтҳои гуманитарӣ ва варзиш сурат гирифт. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.
Ҷаласаи Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид.
Аз Хадамоти гумрук ба мо хабар доданд, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва масъулони воҳидҳои сохтории ин ниҳод иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирии гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо, муаррифии махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқии «Гумрук» баррасӣ гардиданд.
Маросими баимзорасии созишномаи грантӣ бо БОР
Дар арафаи соли нав дар Вазорати молия маросими баимзорасии созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонк хонум Шенни Кемпбелл ба имзо расонданд. Ҳадафи лоиҳа муҳайё намудани заминаи сармояи инсонӣ барои дастгирии гузариши Тоҷикистон ба ҳосилнокии баланди меҳнат, фаъолсозии малакаҳо дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна, модернизатсияи таълим, беҳтар кардани муҳити омӯзиш, ҳамгироии таҳсилот оид ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши иштироки духтарон дар омӯзиши илмҳои технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад. Дар хабари маркази матбуоти Вазорат омадааст, ки маблағи лоиҳа 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Навсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» дар Истаравшан
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар шаҳри Истаравшан навсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» идома дорад.
Боғ солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун монда, таҷҳизоти фароғатиаш, ки истеҳсоли замони шуравӣ мебошанд, фарсуда гардида буданд. Бо тасмими МИҲД-и вилояти Суғд боғ пурра таҷдид хоҳад шуд. Фармоишгари корҳои барқарорсозӣ ҶДММ “Комрон-обод” мебошад. Масоҳати боғ 2,3 гектар буда, маблағи лоиҳавии корҳои бозсозӣ 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.