Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 54 сол қабл дар заминаи муассисаҳои илмии мавҷудаи бахши помирии Академияи илмҳои Тоҷикистон – Боғи ботаникии Помир, пойгоҳи биологии Помир ва пойгоҳҳои тадқиқотии Чечектеи ноҳияи Мурғоб ва Ишкошим таъсис дода шуда, айни ҳол дар ин ҷо 62 корманди илмӣ, аз ҷумла 6 доктори илм (ду академик ва як узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ва 13 номзади илм, фаъолият менамояд.
Аз байни кормандони илмӣ зиёда аз нисф ва номзадҳои илм 6 нафарашон бонувон мебошанд. Чанд сол боз ба Пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои биологӣ Хуҷамзода Гулнора Давлатёр роҳбарӣ мекунад.
– Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар заминаи тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, неруи илмии Пажӯҳишгоҳ беш аз пеш тақвият меёбад. Сарвари кишвар ба Пажӯҳишгоҳ, махсусан Боғи набототи Помир, боздид ба амал оварда, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он, ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҳои муассир андешиданд. Ин аст, ки имрӯз дар фаъолияти Пажӯҳишгоҳ пешравии чашмрас ба назар мерасад,– мегӯяд роҳбари Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои биологӣ Гулнора Хуҷамзода.
Тайи солҳои фаъолият Пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши комплексии захираҳои табиии Помир ва парвариши намудҳои серҳосили меваву сабзавоти тобовар ба тағйирёбии иқлим ва тавсия додани онҳо барои истеҳсолот корҳои зиёд анҷом додааст. Айни ҳол Пажӯҳишгоҳ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим ва Мурғоб пойгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ дорад, ки ҳар кадоме дар самти муайян фаъолият мебаранд. Масалан, дар мавзеи Роғаки ноҳияи Дарвоз пойгоҳи Пажӯҳишгоҳ ба парваришу омӯзиши рустаниҳои ситрусӣ, амсоли лимӯ, анору анҷир, машғул буда, дар пешрафти ин соҳа дар ноҳия саҳми бориз дорад. Дар ноҳияи Ванҷ бошад, пойгоҳи таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳ ба боғдорӣ, махсусан чормағзу себ ва зардолупарварӣ, махсус гардонда шудааст.
Ба гуфтаи Гулнора Хуҷамзода, аз майдонҳои таҷрибавии пойгоҳи Ишкошим ҳамасола ҳосили баланди картошкаву ғалладонагиҳо ба даст меояд, ки ба хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ҳамчун тухмии хушсифат пешниҳод мегардад. Дар пойгоҳи таҳқиқотии Чечектеи ноҳияи Мурғоб парвариши рустаниҳои хӯроки чорво таҷриба карда мешавад, зеро имрӯз ноҳия ба рустаниҳои хӯроки чорво ниёзмандии шадид дорад. Чунки дар ин минтақаи кишвар, асосан, рустании терескен ба сифати хӯроки чорво истифода мешавад, ки, ҳамзамон, сокинони ноҳия онро ҳамчун сӯзишворӣ барои гарм кардани манзили зисташон ба кор мебаранд ва он айни ҳол рӯ ба нестшавӣ ниҳодааст. Пажӯҳишгоҳ дар ин пойгоҳ айни ҳол оид ба парвариши 10 намуди рустаниҳои хӯроки чорвои ба шароити маҳал тобовар таҷриба мегузаронад. Дар деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон ду гармхонаи Пажӯҳишгоҳ фаъол аст. Ҳамасола аз охирҳои моҳи январ аз ин гармхонаҳо сабзавоти тару тоза, амсоли помидору бодиринг, ба бозори шаҳри Хоруғ ворид мегардад. Имсол низ нашъунамои сабзавот дар ин гармхонаҳо хуб аст.
Яке аз сохторҳои муҳими Пажӯҳишгоҳ Боғи набототи Помир мебошад. Боғи набототи Помир аз ҳар ҷиҳат шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Ин муассисаи махсусгардондашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-оммавӣ ба захира намудани генофонди набототи гуногуни маҳаллӣ ва ғайримаҳаллӣ, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои биологӣ ва экологии онҳо ва ҷорӣ намудани намудҳои арзишманди онҳо дар саноати хӯрокворӣ ва тиб тахассус дорад. Боғ дар баландии бештар аз 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, дар он зиёда аз 4 ҳазор намуд дарахту бутта ва зиёда аз 300 намуди рустании ороишӣ гирд оварда шудааст. Аз минтақаҳои гуногуни дунё ба ин ҷо соле зиёда аз 500 намунаи тухмӣ меоранд.
Ҳамасола аз ин макони зебоманзару нодир, ки таровати табиати нотакрори Помир ва на танҳо Помирро дар худ гирд овардааст, сайёҳони зиёди дохилу хориҷи кишвар дидан мекунанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”