28-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2024 зиёд намудани андозаи нафақаҳо, маоши амалкунандаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ ва стипендияҳоро иқдом карданд.
Бо мақсади амалӣ намудани иқдоми мазкур, 9-уми январи соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо», таҳти № 671, ба имзо расид.
Тибқи фармони зикршуда, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд.
Вобаста ба ин, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар мегардад.
Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ муқаррар мешавад.
Ҳамзамон, дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуд.
Маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ аз 1-уми июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз меафзояд.
Вобаста ба ин, аз 1-уми июли соли 2024 андозаи маоши заминавии хизматчиёни маъмурии хизмати давлатӣ барои мансабҳои категорияи олӣ 1120 сомонӣ, барои мансабҳои категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чорум 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтум 1160 сомонӣ муқаррар шудааст.
Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 620 сомониро ташкил медиҳад.
Зиёдшавии андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ, аз 1-уми июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз амалӣ мегардад.
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо, аз 1-уми июли соли 2024 дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда мешаванд.
Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо дар соли ҷорӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мешавад.