Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинондани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки бояд бештар боғ бунёд намуда, табиатро ҳифз кунем ва барои гул-гулшукуфии Ватани маҳбубамон саҳми хешро бигузорем.
– Чуноне ки Президенти мамлакат дар Паёмашон зикр карданд, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати ошомиданӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардидааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат менамояд, – гуфт Д. Саид.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки ҳар яки моро зарур аст, то барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву сабзазоркуниро ба роҳ монем ва ба хотири наҷоти табиату инсоният корҳои назаррасеро анҷом бидиҳем.
Тибқи иттилоъ, дар маъракаи ниҳолшинонии хоҷагии деҳқонии "Асадулло" анқариб 200 нафар иштирок карда, 1500 бех дарахти ҳамешасабз шинонданд.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, он ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар хуррам гардондани талу теппаҳо фаъолона иштирок мекунанд.
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ идома доранд. Масъулон ҷиҳати ободу зебо гардондани ҳар деҳа, маҳалла, ҷамоати шаҳраку деҳот тадбирҳои судманд меандешанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"