10-уми январ Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан мулоқот намуд.
Аз Маҷлиси намояндагон ба мо хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ саҳми парлумонҳои ду кишвар дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ гардид. Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагон ба раванди ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо Туркия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, таҳкими равобити иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу мамлакатҳоямон муҳимро баррасӣ менамояд.
Имзои Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия
10-уми январ вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан дар доираи сафари хеш ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин вохӯрд.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо табодули афкор намуданд. Пас аз мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расид.
Ҳамоиш вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоиш баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароити ба он мусоидаткунанда бояд дар тамоми вазорату муассисаҳои давлатӣ корҳои судманди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гардонда шаванд.
Табодули таҷрибаи кормандони Агентии омор
Ҳайати кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди методологияи баҳисобгирии оморӣ, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ ва рақамикунонии низоми баҳисобгирии омор табодули таҷриба намуд.
Аз Агентӣ ба мо хабар доданд, ки ҳадафи асосии табодули таҷриба аз усулҳои ҳисоби саҳеҳи нишондиҳандаҳои омори соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, сармоягузории хориҷӣ, низоми ҳисобҳои миллӣ ва муҳосибӣ, такомули доимӣ ва ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ бо низоми байналмилалӣ иборат буд.
Баррасии масъалаи рафъи фаврии пайомадҳои офатҳои табиӣ
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ дар соли 2023 ҷаласа баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки соли 2023 кормандони Кумита тавонис-танд сари вақт ба аҳолии зарардида ёрии ҳамаҷониба расонда, иқтидори техникӣ ва сатҳи касбии кормандонро баланд бардоранд. Ҳамзамон, тавсеа ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид гардид.
Тақвияти ҳаҷми мусофирбарӣ ва боркашонӣ дар Роҳи оҳан
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҷаласаи корӣ доир гашт.
Тавре аз Корхона ба мо иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаи тақвияти ҳаҷми мусофирбарӣ ва боркашонӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар бахши роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳкими иқтидори техникии соҳа бо маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло дар ин самт корҳо идома доранд.