10-уми январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур шумурда, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар кардани ин раванд иброз доштанд.
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду кишвар метавонад василаи барҷастаи пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар аз ҷумлаи тадбирҳое номида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ мусоидат менамоянд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин андеша ронданд.