Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи ордбарории ноҳияи Шуғнон, рафти сохтмони қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма дар Барсем ва фаъолияти НБО “Помир-1” раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба ноҳияи Шуғнон сафари корӣ анҷом дод.
Ба иттилои ёрдамчии раиси ВМКБ Саъдоншо Ҷанобилшоев, А. Мирзонабот дар деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон аз корхонаи коркарди ғалла боздид ба амал овард. Корхона бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар 1 шабонарӯз фаъолият дошта, айни ҳол 30 нафар бо кори доимӣ таъминанд.
Азбаски вилоят тамоми сол бо барқ таъмин аст, барои фаъолияти мунтазами корхона ва таъмини сокинони вилоят бо орд ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Ҳамзамон, дар корхона аз пасмондаи маҳсулот хӯроки чорво - сабӯс истеҳсол мегардад, ки он низ дар нуқтаҳои савдо, аз ҷумла минтақаҳои дурдасттарини вилоят, ба фурӯш гузошта мешавад. Айни ҳол дар корхона ба миқдори зарурӣ ғалла захира шудааст, ки барои бо орд таъмин кардани аҳолии вилоят дар фасли зимистон кифоя мебошад. Зикр гардид, ки корхона дар ғанигардонии буҷаи ноҳия низ саҳми бориз дорад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят бо орд ва хӯроки чорво дар фасли зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Алишер Мирзонабот, ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Барсеми шоҳроҳи Душанбе-Кулма шинос гардид. Дар ин қитъаи роҳ корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд. Тибқи лоиҳа, сохтмони роҳи автомобилгард дар ин мавзеъ бо дарозии 3,4 км бо дарназардошти сохтмони ду долони зидди тарма бо дарозии умумии 840 м (290м+550м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3 м пешбинӣ гардидааст. Ба мутахассисони ширкати чинии «Чайна Роуд энд бридж корпорейшн» тавсия дода шуд, ки дар баробари суръатбахшии кор дар иншоот, ҳамчунин, ҷиҳати монеа эҷод накардан ба ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳ тибқи ҷадвали пешбинигардида ва сифати корҳои сохтмонӣ чора андешанд.
Зимни боздид аз НБО “Помир-1” Амрихон Раҳимов, директори генералии ширкати “Помир энержи” иттилоъ дод, ки ба шарофати мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Помир-1” аксари хоҷагиҳои вилоят тамоми сол пурра ба барқ дастрасӣ доранд. Лозим ба ёдоварист, чархаи аввали неругоҳ соли 1994 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд. Бо ба кор даромадани се агрегати дигар, бунёди зеристгоҳҳо ва таҷдиду навсозии хатҳои интиқоли барқ таъминоти аҳолии вилоят бо неруи барқ хеле беҳтар гардид. Неругоҳ ба фасли зимистон пурра омода буда, айни ҳол бо иқтидори пурра кор карда истодааст.
Раиси вилоят ҷиҳати суръат бахшидани кор бо мақсади таъмини чанд деҳаи боқимондаи дурдасти вилоят бо қувваи барқ, бунёди неругоҳҳои офтобӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дастур дод.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”