Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ифтитоҳ гардид.
Озмоишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин ва фароҳам овардани шароити замонавии таҳсил нақши муассир дошта, бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст. Дар озмоишгоҳ мутахассисони соҳибтаҷриба ба муҳассилин дарсҳои амалӣ мегузаранд.
Тавре Саидвалӣ Сайдализода, муовини декан оид ба таълими факултети тиббии ДМТ қайд намуд: “Ҳадафи таъсиси чунин озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои таълимӣ-стоматологӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб аст. Озмоишгоҳ дорои тамоми шароитҳо мебошад. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳ шаш курсии стоматологӣ аст, ки бо тамоми лавозимоти соҳавӣ таҷҳизонда шудааст. Созмон додани чунин озмоишгоҳҳо ва тайёр намудани кадрҳои олии соҳаи тиб дар пешрафти ҷомеа нақши бузург дорад, зеро ҳаёту зиндагӣ ва саломатии ҳар як инсон маҳз ба табибони таҷрибадор ва донишманди кишварамон вобастагии зич дорад. Таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд”.
Дар ҳақиқат, дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дарвоқеъ, соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Соли 2023-юм 132 муассисаи ёрии аввали тиббию санитарӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ҳукумати мамлакат тамоми шароитро барои омӯзиш на танҳо дар ин соҳа, балки дар тамоми соҳаҳо фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки дар фазои сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар аз шароитҳои муҳайёгардида ба хубӣ истифода намоянд, зеро ояндаи ин Ватан дар дасти ҷавонон аст.
Басона САТТОРЗОДА, коромӯзи "Ҷумҳурият"