Сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гашт, 9 объекти таърихию фарҳангӣ аз Тоҷикистон ба мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд.
Соли 1932, замоне ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ “писари ҳафтуми сотсиализм” буд, дар кӯҳи Муғи деҳаи Хайрободи ноҳияи Заҳматобод (имрӯза ноҳияи Айнӣ) бозёфти чӯпоне забоншиносону бостоншиносони шуравиро ба омӯзиши ҷиддии таърихи аҷдоди халқи тоҷик водошт. Саҳифаҳои наве дар таърихи халқи тоҷик, ки аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии суғдиёни қадим шаҳодат медоданд, дар ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ сабт буданд. Хондан ва тарҷумаву нашри ҳуҷҷатҳоро эроншиноси варзидаи шуравӣ академик А. А. Фрейман, шогирдони ӯ В. А. Лившитс, М.Н. Боголюбов ва О.И. Смирнова ба анҷом расонданд. Рамзхониҳои суғдшиносон ва “ба гап даромадан”-ҳои “шоҳидони 1200-сола”, ки аз қаъри асрҳо ва чангу хоки таърих берун омада буданд, бо “ҳамзабонони шуравӣ”-ашон тули қариб сӣ сол давом кард. Ин ҳама манзараеро мемонд, ки гӯё котибони суғдӣ пас аз дувоздаҳ аср имкон ёфтанд, ки бо забоншиносони қарни XX дар боби таърих, рушди кишоварзӣ, ҳунармандӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ, инчунин, кӯшксозӣ дар деҳоти Суғд солҳо суҳбат кунанд. Дар натиҷаи омӯзиши ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ олимон ба хулоса омаданд, ки аҷдоди миллати тамаддунофарин ва шаҳрсози тоҷик дар замони набудани давлати мутамарказ шаҳрҳоро бо деворҳои мустаҳками ҳимоявӣ, деҳаҳоро дар баландиҳо ва ҷойҳои мушкилгузар, ки аз диди мудофиавӣ хеле муносибанд, месохтанд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ин ҳуҷҷатҳо ба ҳафриёти бостоншиносон дар Панҷакент чун шаҳр ва дар қалъаҳои Абаргар ва Мадму Кум чун деҳаҳои асрҳои IV-VIII оғозбахш гаштаву барои омӯзиши васеътари таърихи суғдиён, ки аз тоҷикон аст, заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ин ҳуҷҷатҳо далели онанд, ки деҳаҳои болооби Зарафшон чун Мадм, Кум, Зароватк, Искодар, Урметан, Варз, Дарғ, Похут ҳанӯз дар асрҳои V-VIII номҳои имрӯзаи худро доштанд.
Мо дар мувофиқа бо далелҳои суғдшиносон ва натиҷаҳои ҳафриёти бостоншиносон ба таърихи яке аз деҳаҳои намунавии суғдиён – Мадм назар меафканем. Бинои қасри Мадм дар баландии 1650 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар бунёди қасри Мадм меъморон дар таҳкурсии кӯшку хонаҳо аз оҳаксанги сафед, дар бунёди деворҳои асосӣ хишти сурх, дар байни хиштҳо гили сабзро истифода бурдаанд. Бинои қасри Мадм аз зумраи биноҳои бошукӯҳи асрҳои VII-VIII буда, дар байни ёдгориҳои ҳафриётии Осиёи Марказӣ беназир аст. Барои Паргар ин қасри зебо, бешубҳа, арзишмандтарин ёдгории таърихию меъморист. Толори бошукӯҳ, маъбадгоҳи хонагӣ ва ҳуҷраҳои орододашуда ба биноҳои боҳашамати шаҳрҳои ҳамонвақта хеле монандӣ доштанд. Мисол, яке аз хонаҳо толори чорсутунаву ошхона ва анбори калон дошт. Ҳафриёт нишон дод, ки сохтмон аз рӯи нақшаи пешакӣ бунёд ёфтааст. Бунёди қаср дар қуллаи кӯҳ ва деҳе дар домани он шоҳиди сатҳи баланди касбӣ ва маҳорати эҷодии меъморони он аст.
Аҳолии Мадм ба тозагӣ, ободонӣ ва истифодаи дурусти замин диққати махсус медоданд, яъне нахуст, партобҳо ва хокистарро хеле дуртар аз ҷои зист мепартофтанд, оби барфу боронро бошад, тавассути қубурҳои гили пухта аз қаср ба дурӣ равон мекарданд, чорворо дур аз қаср дар ҳамвориҳои поёни деҳа (ҳудуди ҳозираи Мадм), ки заминҳои кишоварзиашон буд, нигоҳ медоштанд.
Кандакории рӯи чӯб дар шаш хонаи Гардани (Гарданаи) Ҳисор ёфт шуда, ки бо ҳама кандакориҳои рӯи чӯби ёдгориҳои асрҳои VI-VIII Осиёи Марказӣ, хусусан бо кандакориҳои Панҷакенту Шаҳристон, умумиятҳои зиёд дорад. Ҳунармандони асили маҳаллӣ хеле таҷрибаи зиёде доштаанд ва ин минтақа яке аз манбаъҳои асосии ҳунари чӯбкорӣ будааст. Дар сутунҳои Оббурдон, Куруд, Урметан, меҳробҳои Искодар ва Кум такроршавии бархе аз ҷузъиёти он дида мешаванд. Бостоншинос, муаррих ва шарқшиноси барҷастаи шуравӣ Ю. А. Якубовский болооби Зарафшонро “шоҳигарии кандакории чӯб” номидааст. Кандакории чӯб ҳанӯз дар асрҳои VI-VIII дар Бутамони Суғд доман паҳн кардаву рушд ёфта будааст ва аҷибтар аз ҳама, то ба имрӯз ҳамчун “туҳфаи ҳунармандони Суғд” вуҷуд доранд. Дар як вақт ин меҳробу сутунҳо осорхонаи зиндаи таъриханд.
Дар ин ҷо хумча, нимхум, хурма, нимхурма, хурмача, 40 кӯза, ду майдастаи истеҳсоли маҳаллӣ, ки дар он бо хат ва забони суғдӣ барои май навишта шуда буд, ёфт шудааст. Офтоба, се пайкони оҳанини тирҳо, ду дӯлча, косагул, табақча, лаълитабақ, лаълича, намакдон аз гаҷ, зарфҳои ширхӯрии бачагон, дегчаҳои хурди кӯдакон, това қариб дар ҳар хона буд, ки аз гили пухта сохтаанд. Обкӯза ва хурмачаҳое, ки ҳунармандони Мадм сохтаанд, дар кулолгарии ин давраи Осиёи Марказӣ назир надоштанд. Чунки ба ин монанд намунаи обкӯза ва хурмачаҳо дар дигар қисматҳои Осиёи Марказӣ ёфт нашудаанд.
Деги биринҷӣ дар ин ҷо мувофиқи далолати ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ дар худи Бутамон сохта шудааст. Дар Мадм ва Кум 100 дуки бофандагӣ ёфт шуд, ки барои истеҳсоли риштаҳои гуногун хидмат мекард. Се доси гуногунандоза вале якшакла, ду доспарколи оҳанин, ки кори тешаву табарчаро иҷро мекарданд, каланди оҳанин, якчанд кордҳо аз пешрафти ҳунари оҳангарӣ шаҳодат медиҳанд.
Дӯлчае, ки аз гили пухта сохта шудаву барои гудохтани тилло, нуқра ва рехтагарии заргарон истифода мешуд, далели мавҷудияти ҳунари заргарӣ буд. Қошуқчаи биринҷӣ, ки тарафи дигари он чун сӯҳон хидмат мекард, таги ҷоми шишагӣ, дастпонаҳо, тугмаи камарбанд ва ангуштарини биринҷии дар ин ҷо ёфтшуда маҳсули ҳунармандони Мадм буд. Дар харобаҳои ин деҳа панҷ тангаи мисӣ ёфт шудааст, ки якеаш аз они шоҳи Суғд Тархун, дигарӣ аз шоҳи Суғд Ғурак, дутоаш аз маликаи Панҷ ва яктоаш аз шоҳи Истаравшан будааст.
Даҳаи дуюми асри IX дар ҳайати хилофати араб яке аз аввалин давлатҳои маҳаллии тоҷикон Тоҳириён (821-873) таъсис меёбад. Аз рӯи маълумоти Ибни Хурдодбеҳ, кӯҳистони Суғд (Бутамон) дар асри IX ба давлати Тоҳириён панҷ ҳазор дирҳам андоз медод. Бутамон замоне вилояти алоҳида буд. Мувофиқи маълумоти муаррихи эронитабори араб Балозӯрӣ, дар китоби таърихии “Фатҳи кишварҳо”, ки аз 90 боби он як бобаш ба забти Осиёи Марказӣ аз тарафи арабҳо бахшида шудааст, истиқлоли сиёсӣ доштани Бутамон баён ёфтааст. Дар асри X Бутамон дар ҳайати давлати Сомониён буд. Маълумоти олим ва мутафаккири барҷастаи асрҳои X-XI Абурайҳони Берунӣ дар бораи он ки Уструшана “вилояте дар мамлакати Бутамон” буд, ҳамоно муаррихонро ба омӯзиши фарохтари асарҳои таърихӣ водор месозад. Муҳаққиқони барҷастаи шуравӣ Боголюбов ва Смирнова дар натиҷаи омӯзиши ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Муғ ба хулоса омаданд, ки Мадм қароргоҳи фрамандар Утт ва маркази сиёсию иқтисодии Бутамон будааст.
Мурод ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори фанни таърихи МТМУ № 20, ноҳияи Айнӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон