Дар Қатар Ҷоми Осиё-2023 шуруъ мегардад
12-уми январ дар Давлати Қатар Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол оғоз мегардад ва то 10-уми феврал бо иштироки 24 тими беҳтарини қора идома меёбад.
Тими миллии мо бори нахуст дар таърихи хеш дар ин мусобиқаи муҳими қоравӣ ширкат мекунад. Футболбозони тоҷик дар бозии аввали марҳалаи гурӯҳӣ, дар гурӯҳи “А” 13-уми январ муқобили мунтахаби Чин вориди майдон мешаванд. 17-уми январ дар даври дуюм бо тими мизбон – Қатар ва 22-юми январ бо Лубнон бозӣ мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Осиё 14,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 5 миллион доллар ҷоизапулӣ мегирад. Барандаи медалҳои нуқра 3 миллион долларӣ, иштирокчиёни даври нимниҳоӣ 1 миллион долларӣ ва ҳар як дастаи иштирокчӣ 200 ҳазор долларӣ хоҳанд гирифт.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан навсозӣ мешавад
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан варзишгоҳи марказии шаҳр чароғон мешавад.
Зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз варзишгоҳ, иттилоъ дода шуд, ки он бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таъмиру таҷдид соли 2014 ба истифода дода шуда буд ва дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Соли равон дастаи футболи «Истаравшан» дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад ва бозиҳои хонагии даста маҳз дар ҳамин варзишгоҳ доир мегарданд. Бо мақсади иҷрои супоришҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани варзишгоҳ, дар майдони он сабзаи табиӣ истифода хоҳад шуд.
Боздиди комиссияи ФФТ аз варзишгоҳҳои «Равшан», «Файзканд» ва «Ҳулбук»
Гурӯҳи кории комиссияи литсензияи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бошгоҳҳои «Равшан» (Кӯлоб), “Файзканд” ва “Ҳулбук” (Восеъ) дидан намуда, бо корҳои омодагӣ ба мавсими соли 2024 ва раванди иҷрои дастуру супоришҳои президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ шинос шуд.
Зимни вохӯрӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳамаи норасоиҳои варзишгоҳи “Кӯлоб Арена” ишора гардид: аз ҷумла, мутобиқгардонии чароғҳои нурафкан ба талаботи байналмилалӣ, муҷаҳҳаз намудани табло, омода намудани чаманзори майдон. Мавсими гузашта, бинобар мутобиқ набудани майдон ба талаботи Конфедератсияи футболи Осиё, “Равшан” дар Ҷоми КФО бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳҳои марказии Ҳисор ва Душанбе баргузор намуд.
Комиссияи ФФТ, ҳамчунин, аз бошгоҳҳои футболи «Файзканд» ва “Ҳулбук”, ки ҳар ду дар майдони ба номи Теша Исмоилов бозиҳои хонагии худро баргузор карданианд, дидан намуд. Гурӯҳи корӣ бо вазъи варзишгоҳ шинос шуд, ки дар ин ҷо ҳанӯз корҳои аграрӣ, навсозии ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, таъмири ҳуҷраи доварон, панҷаракаш намудани атрофи майдон, насби дарвозаҳои майдонӣ ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ суст ҷараён дорад.
Комиссия барои бартараф кардани камбудиҳо ба дастаҳои «Равшан», «Файзканд» ва «Ҳулбук» муҳлати муаяйн дод.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”