Тоҷикистон ва Туркия аз равобити таърихӣ ва деринаи муштараке бархӯрдор буда, мо аз ҷониби худ масъулият дорем, ки дар таҳким ва рушди муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст талошҳои бештару судманд анҷом диҳем. Ҳоло уҳдадорем, ки бар асоси иродаи муштараки сарварони давлатҳо дар соҳаҳои саноат, тиҷорат, омӯзиш, амният ва сайёҳӣ аз тамоми иқтидору захираҳои мавҷуда истифода намоем.
Ин матлабро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 10-уми январ дар Қасри миллат доир гардид, дар ҳузури хабарнигорон баён дошт. Ин меҳмони баландпоя, дидору суҳбаташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогиру судманд арзёбӣ намуда, ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо, бахусус, тарҳи сармоягузориҳо, татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ кард.
Ҳакан Фидан дар идомаи суҳбат аз тасмими кишвараш ҷиҳати ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар муассисаҳои олии Туркия хабар дода, афзуд, ки ин масъала мавриди истиқболи ҳарду ҷониб қарор гирифтааст.
– Мо дар ҷараёни мулоқот бо Ҷаноби Президент, ҳамчунин, вобаста ба таъмини амнияти минтақа гуфтугӯ кардем. Фурсат доштем, ки нигарониҳо дар мавриди вазъи кунунии Афғонистонро матраҳ карда, шеваи ҳамкориҳо ҷиҳати тақвияти ҳифзи сарҳадот ва пешгирии бесуботиро баррасӣ намоем. Ҷумҳурии Туркия ба мавқеъгирии Тоҷикистон дар масоили Афғонистон, ки бо он ҳамсояи наздик ва дорои марзи тулонӣ аст, аҳамияти хос дода, назароти кишвари шумо вобаста ба мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва таъмини вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаро муҳим мешуморад, – изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия.
Бино ба иттилои Ҳакан Фидан, қарор аст, соли равон Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган ба Тоҷикистон ташриф орад, ки пешбинӣ мешавад, ин сафар дар таҳкими муносиботи ҳасанаи ду кишвар саҳифаҳои наверо боз хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Умут Аҷар, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ бо тавсиф аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду кишвар гуфт, ки мо аз ду ҷониб талош хоҳем кард, то гардиши савдо байни ду давлат (дар соли 2022-юм 351,2 миллион доллари ИМА) ба марзи як миллиард доллари ИМА расонда шавад.
Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29-уми январи соли 1992 истиқлоли Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо давлати мо барқарор намуд. Соли 1992 Сафорати ин кишвар дар Душанбе ва соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ба фаъолият оғоз намуданд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”