Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷрои парвозҳои байналмилалии мустақимро дар хатсайрҳои Хуҷанд – Дубай – Хуҷанд, Хуҷанд – Ҷидда – Хуҷанд ва Хуҷанд – Истанбул – Хуҷанд оғоз менамояд. Парвозҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Дубай аз 4-уми феврали соли ҷорӣ ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд 20:10, дар самти баргашт – 00:10 (шаби душанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Аз 6-уми феврал парвозҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Хуҷанд 21:15, аз Ҷидда – 02:30 (шаби чоршанбе).
Парвози нахустин дар масири Хуҷанд – Истанбул – Хуҷанд 7-уми март сурат мегирад. Парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 10:00, баргашт соати 15:15 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 22-юми январ парвозҳоро аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе, иҷро хоҳад кард. Ҳамчунин, аз 24-уми январ “Сомон Эйр” шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Тошкент то се парвоз дар як ҳафта зиёд менамояд. Ба ин тариқ, парвозҳо ба Тошкент рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд. Кулли парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳоли ҳозир парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”