13-уми январ дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазир Қоҳир Расулзода ҷаласаи натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.
Хабарнигори вилоятии мо Зокир Ҳасан иттилоъ дод, ки дар ҷаласа рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, хизматрасонӣ мусбат арзёбӣ шуда, таъсири онҳо ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва афзоиши маҷмуи маҳсулот таъкид гардид.
Сарвазир роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуд.
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Чанде пеш дар шаҳри Ботканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо муҳокимаи масъалаи делимитатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, ҷиҳати боз ҳам фаъол гардондани гуфтушунидҳои гурӯҳҳои кории ҳайатҳо супоришҳои мушаххас доданд. Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо Италия ва Уммон тақвият мебахшад
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии маъданҳо, ки дар шаҳри Риёз – пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гашт, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо вазири ҳифзи муҳити зист ва амнияти энергетикии Италия Ҷилберто Пикетто-Фратин мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат байни Тоҷикистон ва Италияро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, Шералӣ Кабир бо муовини вазири энергетика ва маъданҳои давлати Уммон Муҳсин ал-Ҳадрамӣ вохӯрӣ дошт, ки зимни он дурнамои ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои саноат ва коркарди маъдан баррасӣ шуд.
ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Ахмет Гурбанов мулоқот намуд.
Ба “Ҷумҳурият” аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раисии Тоҷикистон дар раёсати коршиносони ИДМ оид ба ҳифзи мероси моддӣ
Соли 2024 Тоҷикистон раисии Раёсати коршиносони ИДМ доир ба ҳифзи мероси моддиро ба зимма дорад.
Аз Осорхонаи миллӣ ба мо иттилоъ доданд, ки ин қарор дар ҷаласаи ҳафтуми Шурои байналмилалӣ оид ба мероси фарҳангӣ қабул гашт. Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҳифзу тармим, муаррифии сазовори таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарурати ҳифзи мероси миллиро таъкид дошта, пешниҳод намуданд, ки дар назди Ҳукумати Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.
ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН. НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2023
Дар толори хурди бинои "Шарқи озод" Иттифоқи журналистони Тоҷикистон фаъолияташро дар соли 2023 натиҷагирӣ кард. Дар ҷаласа сармуҳаррирони нашрияҳои даврӣ, роҳбарони ташкилотҳои журналистӣ ва рӯзноманигорон ширкат доштанд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода оид ба фаъолияти Иттифоқ дар соли гузашта маъруза намуда, аз ҷумла баён дошт, ки корвони журналистон ба водии Рашт, ВМКБ ва шаҳри Душанбе сафарбар шуд. Дар натиҷаи сафари журналистон ба ВМКБ 200 маводи хабариву таҳлилӣ дар нашрияву сомонаҳо ба табъ расид. Зикр шуд, ки аз натиҷаи сафари журналистони музофот ба пойтахти кишвар, ки бо дастгирии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ сурат гирифт, китоби "Маъвои орзуҳо" рӯи чоп хоҳад омад.