Забон оинаест, ки чеҳраи миллат дар он равшан инъикос меёбад, мо бояд забони давлатиро қадр кунем ва ҳамзамон, ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ барои омӯзиши забони русӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Агар соли 2014 фаъолияти 26 мактаб пурра бо забони русӣ бошад, ин рақам соли 2022 ба 39 адад расидаст. Лоиҳаи «Муаллимони рус дар хориҷа» яке аз омилҳои рушд дар ин самт ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи он омӯзгорон аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ҷиҳати таълиму тадриси фанни забони русӣ ва таълими фанҳои дақиқу табиатшиносӣ бо забони русӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб гардида, теъдоди онҳо дар мактабҳои кишвар 72 нафарро ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар 16 муассисаи таълимии миёнаи касбӣ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ мутахассисон аз рӯйи ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус омода мекунанд. Соли 2023 ин муассисаҳоро 273 нафар аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм карданд. Дар самти пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бошад, пешниҳоди фишурдаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба забони русӣ мебошад, ки ин омил аз вусъати омӯзиши забони русӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар кишвар чор донишгоҳ – филиалҳои ДДМ ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва, Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо раванди таълим пурра бо забони русист. Зиёд гардидани талабот ба омӯзиши забони русӣ зарурати тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу забондонро ба миён овардааст. Бо ин мақсад, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур, марҳала ба марҳала дар муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ гурӯҳҳои русӣ таъсис дода шуда, дар соли таҳсили 2023-2024 дар мактабҳои олии кишвар гурӯҳҳои русӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногун фаъолият доранд. Айни ҳол, дар 16 муассисаи таълимии миёнаи касбӣ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ мутахассисон аз рӯйи ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус омода карда мешаванд. Соли 2023 ин муассисаҳоро 273 кас аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус ва 299 кас аз рӯйи ихтисоси забони англисӣ хатм карданд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, қариб 68 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз забони русӣ бархӯрдоранд.
Ҳамасола тавассути Маркази илмию фарҳангии Федератсияи Русия (Россотрудничество) 920 кас ба муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз ин бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ шавқу рағбати шаҳрвандон ба омӯзиши забони русӣ меафзояд. Аммо ҷиҳати беҳтар намудани таълими забони русӣ ҳанӯз баъзе мушкилот мавҷуданд. Ба андешаи коршиносони байналмилалӣ дар қиёс бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, мутаассифона, донандагони забони русӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта истодааст.
Бо рафтани теъдоди зиёди зиёиёни илмӣ аз ҷумҳурӣ навиштан ва нашри воситаҳои таълимӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт, ки ин боиси нарасидани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва воситаҳои дигари ёрирасон, муколамаи дузабона ва сезабона барои кӯдакон ва калонсолон гардид. Барои омӯзиши ҳамаҷонибаи забони русӣ филму наворҳои таълимӣ, диску сабтҳои лингофонӣ низ намерасанд. Ҳамзамон, дастрас набудани рӯзномаву маҷаллаҳои таълимию методӣ ва илмии Русия барои муассисаҳои таълимии бо забони русӣ фаъолияткунанда ба рушди неруи забон таъсири манфӣ мерасонад.
Бо мақсади тақвият бахшидани омӯзиши забони русӣ дар кишвар як қатор амалҳоро анҷом додан зарур аст. Дар ин самт пешниҳод менамоем, ки теъдоди квотаҳо аз ҷониби Федератсияи Русия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтисосҳои педагогика, психология ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ зиёд карда мешуд.
Табодули донишҷӯён дар бисёр аз донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистону Русия ба роҳ монда шудааст, аммо ин раванд дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самти омӯзгорӣ беҳбудиро металабад. Барои ин раванди таҳсили 2+2 дар муассисаҳои таҳсилоти касбии самти омӯзгорӣ бояд вусъат дода шавад. Яъне, донишҷӯе, ки оянда омӯзгор шуданист, ду сол дар Тоҷикистон ва ду сол дар Русия таҳсил кунад.
Дар ин раванд ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни муассисаҳои таҳсилоти касбии самти омӯзгории Тоҷикистон бо Русия оид ба табодули донишҷӯёну омӯзгорон, ҳамзамон, ҳамкориҳо ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар кишвари барандаи забон дар омода намудани мутахассисони самти омӯзгории тамоми фанҳои таълимии забондон мусоидат менамояд.
Айни ҳол, норасоии кадрҳои дохилӣ дар самти омӯзгорони фанҳои гуногуни русӣ, махсусан, фанҳои табиӣ ва риёзӣ мавҷуданд.
Ин мушкилот моро водор месозад, ки барои ҷалби хонандагони лаёқатманд ба касби омӯзгорӣ чораҳои таъхирнопазир андешем. Зикр менамоем, ки бо дастгирии ҳамасолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маоши омӯзгорон сол ба сол меафзояд ва ба андешаи мо, оянда роҳҳои боз ҳам бештар ҳавасманд кардани онҳоро ҷуста ёбем. Илова бар ин, имтиёзҳои назарраси иҷтимоиро барои омӯзгороне, ки собиқаи кории зиёди омӯзгорӣ доранд, зиёд намудан зарур аст. Чунки ин гуна чораандешӣ метавонад касби омӯзгориро барои ҷавонон ҷолиб ва дилхоҳ намояд. Мушкилоти дигар ба дастрасии омӯзиши забони русӣ дар саросари кишвар, махсусан, дар деҳот марбут аст. Агар омӯзиши забони русӣ дар шароити шаҳр хеле густариш ёфта бошад ҳам, дар деҳот ҷиҳати омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст. Ҳоло тибқи маълумоти оморӣ, норасоии омӯзгорони забони русӣ на он қадар зиёд аст, аммо мушкилӣ дар норасоии омӯзгорони баландихтисос дар деҳот аст, зеро аҳолии бештари Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва норасоии муаллимони забони русӣ ва русидон боиси паст шудани дониши забони русӣ дар деҳот мегардад. Дар шаҳракҳо ва деҳаҳои дурдаст аз марказ аксар вақт муҳити забонӣ вуҷуд надорад.
Дар навбати аввал дар мактабҳои деҳот базаи моддию техникиро мустаҳкам намуда, ҷавонони лаёқатмандро ба касби омӯзгорӣ ҷалб намудан лозим аст. Ҳамзамон, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба касби омӯзгорӣ, пешниҳод мегардад, ки барои иштирокчиёни тамоми озмунҳои ҷумҳуриявӣ, новобаста аз ишғоли ҷойи ифтихорӣ имтиёз дода шавад, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии самти омӯзгорӣ тариқи суҳбат дохил карда шаванд. Ин гуна имтиёзҳо метавонанд барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти омӯзгорӣ мусоидат намояд.
Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон