Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ, ки аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор меравад, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳояшон аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст.
Қабул ва амалисозии ин санадҳо яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор мераванд, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатӣ дар ин самтро асос гузоштанд. Гузашта аз ин, асоси ташкилӣ – ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишӣ – таблиғотӣ дошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад.
Мусаллам аст, ки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, аз равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа канор намонда, баръакс барои фатҳи зинаи навбатӣ бо такя ба соҳибҳуқуқӣ ва фаъолмандии худ такон мебахшад.
Аз ин ҷост, ки баъди соҳибистиқолӣ барои тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ иқдомҳои саривақтӣ ва натиҷабахш пеш гирифта шуданд. Ҳоло дар кишвари мо, на танҳо сохторҳои масъули давлатӣ вазифаи тарғиби донишҳои ҳуқуқиро ба зимма доранд, балки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ин кор ҷалб шудаанд. Дар баробари сохторҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ дар самтҳои алоҳида, аз қабили ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, занон, ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (кишоварзон), соҳибкорон маъракаҳои омӯзиширо ба анҷом мерасонанд.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо заминаи мукаммали ҳуқуқӣ-қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои вижаи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Гузашта аз ин, дар назди Вазорати адлия Шурои ҷумҳуриявии тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ амал мекунад.
Таваҷҷуҳ ва алоқамандии доимии Пешвои миллат ба ин масъала зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар собит гардид, ки далели боризи он эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми Сарвари давлат, ки аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд, моро ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор хушбин менамояд. Зеро, ҳамон тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
Воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад. Шуурнокии ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст. Абарқудратҳои ҷаҳони имрӯза, ки болотарин сатҳи рушд ва зиндагиро соҳиб шудаанд, бо ширкати фаъоли ҳар як шаҳрванди аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифати худ дар таъмини фаъолияти бобарори соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ камол ёфтанд.
Пас, моро низ месазад, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи эълони соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошем ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоем.
Суҳроб РУШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе