Аввали тобистони соли 1989 ба Душанбе омадам. Мақсад аз омадан ба зодгоҳаш Ховалинг даъват кардани устод Ғаффор Мирзо буд. Ӯ 60-солагиро пур карда буд. Бо пешниҳоди котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия Нуралишо Назаров, дастгирии раиси ҳукумати ноҳия Амирхон Шамсов ва раиси Кумитаи назорати халқӣ Абдусалом Кароматов маро ба Душанбе фиристоданд, то ки аз номи кормандони рӯзнома, дархости сокинони ноҳия ва ришсафедон устод Ғаффор Мирзоро ба зодгоҳаш Ховалинг даъват намоям.
Дар Душанбе ҳар касеро аз ҷумлаи адибон хоҳиш мекардам, ки маро то хонаи устод ҳамроҳӣ кунанд, узр пеш меоварданд ё кореро баҳона мекарданд. Ниҳоят нависандаи ҷавон Барот Абдураҳмон розӣ шуд, ки маро роҳбаладӣ кунад.
Дар ҳавлии устод, аниқтараш дар айвон як миз ва курсӣ меистод. Ман ба рӯи курсӣ нишастам. Дар болои миз чанд дона газета мехобид.
Барои гармии суҳбат аз лаҳзаҳои устодро диданам ёдовар шудам…
Институти педагогии шаҳри Кӯлоб, замони донишҷӯӣ, мактаби миёнаи рақами 2 ноҳияи Фархор, соли 1970, Қасри калони съездҳои Москва, соли 1974, 50-солагии ташкилёбии Тоҷикистон. Ҳатто, чанд вохӯрии дигар дар ҳузури Ҳабибулло Файзулло, дидори рӯзи маргу ҷанозаи сари гӯр низ ба ёдаш, нарасид...
– Ин кас нависандаи ҷавон Бароти Абдураҳмон, – мавзуи суҳбатро тоб дода, ҳамсафарамро шинос кардам. Ӯ андаке андеша карда пурсид.
– Муаллифи «Давлати сарам, модар?».
– Оре, муаллим,– ба ҷои ман ҷавоб дод Бароталӣ.
Эҳсос кардам, ки суҳбат сӯи ин асар мегаравад ва устод хайрухушро қафотар меафканад. Суҳбат дарҳол гарм шуд. Аниқтараш устод гап мезаду мо гӯш медодем. Вақте ки устод чанд банди повестро аз ёд гуфт, даҳони Бароталӣ «воз монд». Бе муҳобот мегӯям, ӯ рӯбарӯи устод менишасту аз хотираи қавии ӯ ҳайратзада мегашт.
Устод ним соат бештар дар атрофи повест сухан гуфт. Аниқтараш мову Бароталӣ гӯш медодему устод аз бозёфтҳои эҷодии нависанда гап мезад. Якчанд калимаҳои наверо, ки нависанда хеле муносиб истифода бурда буд, ситоиш кард ва ду ибораро нодаркор хонд. Повести «Давлати сарам, модар»-ро яке аз беҳтарин асарҳое шуморид, ки тайи сӣ соли охир мутолаа кардааст.
– Эҳ, ман барои Шумо як чой ҳам дам накардам, ҳозир, – гӯён хест устод.
Ман аз думболаш рафта аз ҷумаки водопровод об нӯшидам.
– Бароталӣ, боз гумон накунӣ, ки барои омадани ту тайёрӣ дида, повестатро хонда бошам. «Садои Шарқ»–ро пурра мехонам. Агар чизи хубе ба назар бирасад, хеле ҷиддӣ мутолиа мекунам. Лекин аз таърифи ман худатро хобу поятро об набарад, услуби навиштат хотирмону гарм ва ҳатто шоирона аст. Устод чойро нӯшида, ба тарафи олу нигоҳ кард. Ниҳоли олуи зард ҳамагӣ ду метр дуртар аз ҷойи нишасти мо қомат афрухта буд.
Устод мушоҳида карда буд, ки дар гармии суҳбат дуздида-дуздида сӯи олуи расида менигаристам. Олуи зард чунон баста буд, ки гӯё барг надошт. Навдаҳо шабеҳи муҳраи якранги ақиқи зард буданд. Агар даҳони Бароталӣ аз суханҳои устод «воз монда» бошад, даҳони ман аз тамошои олуҳои расида об мебаровард.
– Оҳ пирӣ, охир шумо меҳмони азизед! Чӣ тавр меҳмонҳоро бо ин олу зиёфат накунам? Хостем ба ӯ кумак кунем, вале устод розӣ нашуд.
Соҳибхона косаи чиниро пур аз олу карда, болои миз гузошт. Олу воқеан, хушмаза буд ва таъми атрогине дошт. Коса зуд холӣ шуд. Устод хост боз олу бичинад, вале мо дукаса илтимос кардем, ки чиданро барои дафъаи оянда монад.
– Кӣ медонад, дафъаи оянда кай мешавад? Шумо аз суҳбати ман ҷонатонро халос карда, дубора орзуи ин хонаро намекунед.
– Не, устод, ин гуна суҳбати ширинро баъд аз сари модарам надидам,– гуфт Бароталӣ.
– Модаратро хеле хуб тасвир кардаӣ. Ба ростӣ, хаёл кардам, ки модари худам бошад. Аз гапҳои ман мефорад-а, – хушҳолона пурсид муаллим.
– Беҳтарин суҳбат аст, – ҷавоб додем мо.
Устод бо косаи чинӣ хона даромад ва мо дақиқае чанд танҳо мондем.
– Боз мегӯянд, ки устод меҳмонро дӯст намедорад. О, ӯ аз дороияш барои мо як коса зар дод,– гуфт Бароталӣ.
– Аз такрори лутфашон беҳуда ӯро гардондем,– ҳазломез илова кардам ман.
– О, инсоф ҳам даркор, ҳосили навро чид, боз як косаи дигар мехоҳӣ?
– Чи қадар хушмаза. Устод атр напошида бошанд?
– Баргҳои олуро чида бошанд, аҷаб нест…
– Ҳе, бузбалаҳо, қариб фаромӯш карда будам. Ҳар сол бо чидани ҳосил соҳиби ин ниҳолро ба некӣ ёд мекунам. Ин олу дастниҳоли Мирзо Бобоевич аст, роҳбари ноҳияи Восеъ ва котиби комитети марказии ҳизб буд. Ӯ шаш сол пеш ду дона навниҳолро худаш бароям овард. Мисли шумо дарвозаро хеле тақ-тақ зад. Ман нашинохтам. Хайрият шофираш бачаи зирак будааст, овоз баланд кард:
– Акаи шоир, дар пушти дар Мирзо Бобоевич истодаанд! Дарро кушодам, ки он кас ду ниҳол дар даст доштанд. Ба фикрам, зодрӯзам буд. Як ниҳолашро дар назди Иттифоқи нависандагон шинондам, намедонам тақдираш чи шуд. Ростӣ, ақл накардам, ки як бор дар айни ҳосил Мирзо Бобоевичро даъват кунам! Ӯ меомада бошад? Ё ҳаққашро равон кунам?
Устод баргашта ба хона даромад, шояд кафлези дасташ ӯро ба ин водор кард. Ин дафъа ӯ аз хона зуд баромада, бо лабханд гуфт:
– Медонед, ба тарафи олу сур-сур нигоҳ кардани шумо маро ба кадом хаёл бурд? Ба анорҳои тори дарахт нигоҳ карданам дар ҳавлии Ашӯр Сафар.
– Ин анорҳо барои тамошоанд, на барои хӯрдан,– нигоҳи маро дарёфта лутф намуд Ашӯр Сафар. – Ростӣ, суханонаш ба иззати нафсам расид. Қариб ба хона надароям. Вақте ки даромадам, Ашӯр Сафар ба ҷои хуш омадед, ба лаълии пури мева ишора кард:
– Ана ин анорҳо барои хӯрдан аст, на тамошо. Ризқи ҳалоли шумо, ош шавад!
– Оромтар шуда, андеша кардам, ки охир Ашӯр Сафар бе ҳазл сухан гуфта наметавонад. Ба фикрам, дар он ҷо худат ҳам будӣ, сӯи ман рамузгирона нигоҳ кард устод. – Бале, худӣ худат. Барои овардани хӯрҷини анорҳои Ашӯр Сафар ёрдам мекардӣ.
Ман ҳанӯз посух нагуфта, устод боз илова кард.
– О муаллифи биринҷоваи тези бо дӯғи чака. Лоиқу Ҳабибулло ҳанӯз дар роҳ биринҷоваатро таъриф мекарданд. Ба ёдам омад. Баъди оши ҳафтаи устоди зиндаёд Турсунзода, ба Кӯлоб барои сабук кардани ғубори дилҳо рафта будем.
– Ба зиёрати шумо расидан дар ёдам ҳаст, устод. Хӯрҷини ҳамоншабаи акаи Ашӯр Сафар бебаҳо буд. Меваву анор як тараф, се хел гӯштбирён, ду намуд кабоб, гӯштҳои яхнии говиву гӯсфандӣ…
– Худаш чӣ хел ном бурда буд: баргузидаи ду суфраи шоҳона, яке аз колхози Миралӣ Маҳмадалӣ, дигаре аз ноҳияи Ленинград. Вале мо се кас доғе дар дил доштем, ки нуқлу мавизамон намефорид. Оҳ, устод Турсунзода! Аллакай, 12 сол шуд, ки аз ҷаҳон рафтааст. Ӯ барои ҳама инсони наҷиб буд. Вале барои мо - се сағераи бесоҳиб, азизтар буд, ҳукми падарӣ дошт.
Овози устод дигар шуд, ғубори дилаш дар гулу гиреҳ зада, бӯи гиря медод.
– Аз муноқишаи мову устод бохабаред, албатта, – пурсид аз Бароталӣ.
– Не, чандон огоҳ нестам, – ҷавоб дод ӯ.
Намедонам чаро ин тавр гуфт, ҳол он ки мо дар ин бора борҳо суҳбат карда будем. Устод саволомез ба сӯи ман нигарист.
– «Узри ману қабули ту», хурӯше буд, ки ба мо сабақи ҷавонмардӣ омӯхт, – ба нигоҳи устод посух додам. Дар таҳти шеър Шумо Турсунзодаро аз партия болотар гузошта будед, агар касе фаҳмида бошад.
– Оре, Турсунзода худаш партияи зинда буд. Уставу мароми худро дошт. Як даъвои асосиву аблаҳонаи ман даъвои пулӣ буд. Вақте ки тафтишгарҳо санҷиданд, ман ду баробари он кас ҳаққи қалам гирифта будаам. Маълумоти бардурӯғро барои шӯронидани ман кормандони масъули худи Иттифоқи нависандагон дода буданд. Мани бефаҳм, – бо ҳар ду даст ба сари худ мушт зад устод, – аниқтараш аблаҳ гӯям, аз куҷо медонам, ки ҳамаи онҳо ҳамдастанду дар дил орзуи раисиро мепарваранд, курсии падари моро соҳиб шудан мехоҳанд. – Устод рӯ ба тарафи ғуруби Офтоб нишаста, ғамгину дилшикаста метофт ва сӯи хонаи адибон ишорати рамзие кард ва каме ба сукут рафт.
– Хайр, майлаш, ҳар кас аз кардааш мебинад, мисле ки ман дидам… Устод маро бахшид. Иншоаллоҳ руҳаш ором аст, вале ман худамро намебахшам.
– Исто, ки дар сари гӯри Ҳабибулло будӣ, чеҳраат дар ёдам мондааст. Баъди як-ду кас, ба ман сухан дода будӣ.
– Дар мурдаи Ҳабибуллои ҷавонмарг ҳам худамро гунаҳкор шуморидам. Агар ба ёдат монда бошад, дар ин бора гуфта будам. Ӯро баҳудаву беҳуда меранҷондам. Медонед сабаб чи буд? Ӯ аз ман қариб бист сол ҷавонтар бошад ҳам, дунёро аз ман хубтар мефаҳмидааст. Даҳҳо бор аз ман илтимос кард, ки ба устод Турсунзода нарасам, рӯямон сиёҳ мешавад.
– Ту чӣ кор дорӣ, рӯи ман сиёҳ мегардад, ба ту чӣ?! Медонед боз ҳамон ҷавонмарг ба ман чӣ гуфт, вақте ки аз сари гӯри устод мефуромадем?
– Устод Шуморо бахшид, вале Шумо худатонро бахшида наметавонед. Мо дуд мекунем, месӯзем, вале Шумо дуд ҳам бароварда наметавонед...
Оре, бе дуд месӯзам, бе оташ. Дар ҳақиқат, баъди марги Турсунзода дубора сағера гаштам. Сағираи нимбараҳнае, ки аввалин бор ба назди падари маънавиву эҷодии худ омада будам.
Шуморо хеле хаста кардам, охир ба шумо чӣ лозим ҳамин дарду аламҳои ман, тарсӯзу бе дуд хокистар шудани ман?… Дар хаёлҳо ғарқ, чанд алам маро якҷоя мефишоранд.
Бароталӣ баақлӣ кард. Аз ҷояш бархост, мисли он ки дар маҷлисе сухан мегуфта бошад, ба гуфтор оғоз кард:
– Устоди азиз, акаи Ғаффор! Сарнавишти Шумо саросар ибрату панди ҷавонмардӣ будааст. Дар бораи эҳтироми хоссаи Шумо ба устод Турсунзода, лутфу меҳрубониҳои он кас нисбат ба Шумо каме огоҳ будем. Акнун аз забони худатон шунидем. Устод, бештар аз се соат вақти тиллоии Шуморо гирифтем. Шумо чизе навиштанӣ будед, – сӯи қаламу дафтари устод, ки аз болои миз гирифта, назди тирезаи долон гузошта буд, ишора кард. – Ба мо рухсати хестан диҳед.
– О, ба кӣ даркор аст, ҳамин навиштаҳои ман?! Гуфтам–ку, ман партияву Ленинро ситоиш кардаму халқро парастиш. Ку ҳамон халқе, ки бадро аз нек ҷудо кунад?! Бароталӣ гапҳои хуб гуфтӣ, вале ман шуморо ҷавоб намедиҳам. Бо ҳам хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрем, карамшӯрбо пухтам. Шинед, хӯрокро мекашам.
Устод ба хона даромад. Бароталӣ нанишаста, хоҳиши рафтан дошт. Чун ман гурусна будам, ба Бароталӣ ишораи нишастан кардам.
– Айб шуд, се соат нишастем, боз хонаи безаиф, – гуфт Бароталӣ.
– Мақсади асосии мо ҳал нашудааст, то ҷавоби «ҳа» нагирам, аз ҷоям намехезам.
– Ихтиёрат, ман аз ин вохӯрӣ чизеро интизор набудам, вале он чи дидаму шунидам,як китоб мешавад. Агар ҳоло бигӯям, ки устодро солҳо мешинохтам, воҳима намешавад. Аммо ба Ховалинг рафтани ӯро Худо медонад…
Гап сари он, ки дар миёни суҳбат, ноаён аз хоҳиши мардум ва даъвати устод Ғаффор Мирзо ба ноҳияи Ховалинг ишора карда будам. Устод дарҳол ҷавоби рад дод ва аз майли нарафтанаш ҳанӯз ба худ наомада, пиндоштам, ки суҳбатро бемавриду ноҷо сар кардам.
– Ба Ховалинг барои чӣ биравам? Ба мардум чӣ некӣ кардаам, ки имрӯз ,барои зиёфатхӯрӣ битозам?
– Мардум шеърҳои Шумо ва худатонро дӯст медоранд.
– Кадом шеърҳоям? Дар бораи Ленин, партия ва комсомол. Онҳо ба кӣ даркоранд имрӯз!
– Шеърҳоятонро камтар тағйир медиҳед, устод, – пешниҳод кардам ноумед нашуда.
– Барои тағйир додани шеърҳои ман боз як умри дигар лозим аст. Биё ин мавзуъро бигузорем, ба онҳое, ки маро ёд ва даъват кардаанд, саломамро бирасон. Сипосу эҳтиромамро тақдим бикун, вале рафта наметавонам...
Устод бо ду коса аз хона баромад. Пас аз лаҳзае сабадчаи нон, се дона қошуқ, лаъличаи бодиринг, помидорҳои нобуридаю сирпиёз ва дафъаи охир косаи сеюм рӯи мизро оро дод.
– Паҳ-паҳ чӣ хел хушбӯй,– ситоиш кардам ман. Зираи кӯҳӣ мазаашро беҳтар кардааст.
–Таърифро монеду нӯши ҷон кунед. Коре кунед, ки иштиҳои якдигарро бикушоем.
– Дар ҳақиқат ҳам хушмаза! Қаланфури сиёҳро дар вақташ андохтед, сирпиёз ҳам бӯи худро холӣ кардааст, –хомӯш истоданро раво надидам ман.
– Мисле ки бо дегу дегча шиносоӣ дорӣ. Дар сарбозӣ?
– Дар сарбозӣ, вале бештар ҳамгоми таҳсил дар Маскав.
– Таҳсилкардаи маскавӣ? Ман ҳам он ҷо будам, вале ба дегчабозӣ ҳавас надоштам. Одати сағераи детдом тайёрашро хӯрдан аст. Колбасаву нони хушку компот. Хӯрокпазӣ ба ман намерасид, вале имрӯз ошхонаро холӣ ёфтам. Росташро гӯям, шуморо бафурҷа дида, хостам шикамамонро якҷоя сер кунем.
– Ғизо ҳам шоҳона шуд, аввал мева, баъд хӯроки гарму салат,– ба пиёлаҳо чой рехта шукрона кард Бароталӣ.
– Аз ғизои як сағераи детдомӣ бештар набуд, насиб бошад, зиёфатро ягон вақти дигар мехӯред.
Пас аз хӯрок бештар аз як соат дар суҳбати устод нишастем. Бароталӣ аз суханони ӯ завқ бурда каф мезад, устодро оғӯш карданӣ мешуд. Устод ҳам даст ба китфони ӯ гузошта, аз гарданаш оҳиста такон медод. Рӯз аз пешин гузашта, тафси ҳаво мефуромад.
Дар дами дарвоза ҳангоми хайрухуш устод суханашро идома дод:
– Ман аз суҳбат бо шумо хаста нашудам, ба ростӣ мегӯям. Ҳамагӣ баъди ним соат янгаатон меояд, як палови бухороӣ мефармоем. Бо шумо садто ҳам мебардорам. Рафта дар кӯли «Комсомол» оббозӣ кунеду баъди ду соат гашта биёед, ош тайёр мешавад. Лекин ваъдаатон қатъӣ бошад, дурӯғ нагӯед.
– Ман бегоҳ ба Ховалинг парвоз мекунам, – гуфтам маъюсона. – Сад дареғ, ки бе Шумо меравам, устод.
– Зиқ нашав! Ба хона рафта хуб фикр кун, мефаҳмӣ, ки ман ҳаққам. Салому паём ва арзи сипоси маро ба мардум бирасон. Вақти ташвиш додани одамон нест. Даври зиёфатхӯрӣ баъд мерасад.
Сайҷалол САИДОВ, публитсист