Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд дар соли сипаришуда бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода ва фаъолони вилоят мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта, вазифаҳо барои соли нави 2024 муайян шуданд. Аз рӯи ин масъала, нахуст, Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилоят, назди иштирокдорони маҷлис гузориши муфассал дод.
Бинобар маълумоти мавсуф, ки аз таҳлилҳои мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят бармеояд, хушбахтона, аксарияти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мусбат буда, суботи макроиқтисодӣ ва суръати афзоиши рушд таъмин гардид.
Яке аз ченакҳои воқеан ҳам, ривоҷу равнақи хоҷагии халқ, ин бешубҳа, маҷмуи маҳсулоти дохилист, ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонад. Ин нишондод дар вилоят тибқи таҳлил ба 35,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиши он ба 108,3 фоиз расид.
Бо назардошти вазъи иқтисодии ҷаҳон ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун ду-се соли қаблӣ ҳоло таваҷҷуҳи асосӣ дар истеҳсолот ба маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гаштааст. Дар ин замина, дар корхонаҳои вилоят истеҳсоли семент, ангишт, инчунин, маҳсулоти ғизоӣ: орд, равған, маҳсулоти нонӣ, консервҳои гуногун афзуданд.
Соли гузашта 1,3 млн тонна семент ва 1,4 млн тонна ангишт истеҳсол шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 1101-то расид. Аз шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолӣ 978 корхона ё 88,8 фоиз суръати афзоишро барзиёд таъмин намуданд. Мутаассифона, 123 корхона аз фаъолият бозмонд.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда буд, аммо 269 корхонаву коргоҳи нав бо 2455 ҷойи нави кор ба фаъолият пардохт.
Кишоварзони вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 18,5 миллиард сомонӣ расонданд.
Яке аз ченакҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ин гардиши савдои хориҷӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад, ки дар ин самт ҳам нишондиҳандаҳои вилояти Суғд дар соли 2023 назаррас буданд. Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят моҳҳои январ-декабри соли 2023 ба 2,7 миллиард доллари ИМА расид.
Моҳҳои январ-сентябри соли 2023 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят 194,2 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ равона шуд. Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир ҳаҷми сармоягузориҳои ватанӣ ба иқтисодиёти вилоят 3,5 баробар афзудааст.
– Бешубҳа, муваффақиятҳои бадастовардаи сокинони вилоят дар ҳамаи самтҳо дар қиёс ба солҳои қаблӣ назаррасанд, – таъкид дошт раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, – вале ҳоло ҳам захираҳои истифоданашуда ва имкониятҳо дар вилоят хеле зиёданд.
Бино ба таҳлили раиси вилоят, соли гузашта, мутаассифона, ҷойи кор дар шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Конибодом, Спитамен, Мастчоҳ коҳиш ёфт, ки боиси нигаронист.
Мутаассифона, маблағҳо ба навоҳии дастнигар – субвенсионӣ аз 399 миллион сомонӣ ба 475 миллион сомонӣ расид, ки ин ҳам бояд дар мадди назари масъулон қарор гирад. Яъне, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истиқлол, Ашт, Спитамен, Деваштич, Конибодом, Зафаробод, Шаҳристон, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳро зарур аст, ки ҷиҳати раҳоӣ аз ҳолати дастнигарӣ барномаҳои махсусро таҳия ва роҳандозӣ намоянд. Дар ин замина, талош варзанд, ки дар минтақаҳои гуногуни шаҳру навоҳии худ корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоянд.
Сулаймон Зиёзода таваҷҷуҳи масъулони идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳӣ ва идораҳои барқтаъминкуниро ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ ҷалб сохта, ислоҳи камбудиҳои мавҷударо тақозо кард.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»