ФУТБОЛ
Ҷоми Осиё-2023: Тоҷикистон бозии дуюмашро доир кард
Тими миллии Тоҷикистон 17-уми январ дар даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “А” аз тими мизбон, чемпиони феълии Осиё – Қатар бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро дар ин дидор Акрам Афиф зад.
Дар ин бозӣ, ки хеле ҷолибу пуршиддат сурат гирифт, футболбозони тоҷик лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо муваффақ нашуданд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои Лубнон ва Чин мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.
Тими миллии Тоҷикистон дар даври сеюм 22-юми январ муқобили тими Лубнон ба майдон мебарояд.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқот 24 тими беҳтарини қора дар шаш гурӯҳ ширкат дорад. Бо натиҷагирӣ аз бозиҳои марҳалаи гурӯҳӣ, ки 25-уми январ ба анҷом мерасад, дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ, инчунин, чор дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон додаанд, мусобиқаро дар даври ҳаштякфинал идома медиҳанд.
ГӮШТИГИРӢ
Федератсияи гӯштигирӣ беҳтаринҳоро қадр кард
Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои Федератсияи гӯштигирии Тоҷикистон дар соли 2023 доир гардид.
Ба иттилои Федератсия, Наврӯз Каримзод беҳтарин варзишгари соли 2023 дар ин намуд дониста шуд. Наврӯз соли гузашта дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштигирӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб гардидааст.
Ҳамчунин, МИҲД-и шаҳри Душанбе – беҳтарин сарпараст, Ҳалим Набизода – беҳтарин корманди Федератсия, Баҳодур Ҳалимов – беҳтарин довар, Сафаралӣ Баротов – беҳтарин мураббӣ, шуъбаи доварон – беҳтарин сохтори Федератсия, Федератсияи гӯштигирии Кӯлоб – беҳтарин федератсияи минтақавӣ ва ТВ «Варзиш» – беҳтарин инъикосгари гӯштигирӣ эълон шуданд.
ҲАМКОРӢ
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Академияи олимпии Қатар
16-уми январ котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода ва директори ТВ “Варзиш” Парвиз Нориён аз Академияи олимпии Қатар боздид карданд.
Онҳоро директори иҷроияи Академияи олимпии Қатар Халил ал-Ҷабер пазироӣ намуда, бо шароитҳои муосири Академия шиносонд.
Академияи олимпии Қатар соли 2006 таъсис ёфта, узви комилҳуқуқи Академияи байналмилалии олимпӣ ба ҳисоб меравад ва дар минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ягона мебошад. Академия барномаҳои омӯзиширо дар соҳаи варзиш, алалхусус намудҳои варзиши олимпӣ ва рушди ҳаракати олимпӣ, амалӣ менамояд.
Зимни боздид масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тайёр намудани мутахассисон аз Тоҷикистон, аз ҷумла омодасозии рӯзноманигорони варзишӣ дар Академия баррасӣ гардид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”