18-уми январ раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав ва ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон» иштирок намуд.
Тавре шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.
Ин нақлиётҳо 12 метр дарозӣ, 32 ҷойи нишаст доранд ва ҳаҷми умумии ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда мебошанд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар зарфи 6 соли охир парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии шаҳр пурра бо автобусҳои замонавӣ, дар маҷмуъ, 410 адад, аз корхонаи ватанӣ таъмин гардидаанд.
Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт/соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш ба 300 км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисматҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати ҳаррӯза бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёт дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ барои 30 электробус бунёд гардида, барои истифода пурра омода мебошанд.
Ҳамчунин, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 4000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 26 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.
Бино дорои ошхона бо 70 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, толори варзиш, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Рустами Эмомалӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА,
«Ҷумҳурият»