Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд соли 2023-ро сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст кард. Дар ин рӯзҳо бошад, шаҳру навоҳии вилоят пойгоҳҳои обкаширо ба мавсими нави киштукори баҳорӣ омода месозанд. Кулли таҷҳизоту муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ таъмир мешаванд.
Бояд эътироф кард, ки ҳамаи дастовардҳои кишоварзони вилоят ба фаъолияти муътадили пойгоҳҳои обкашӣ вобастаанд. Феълан, зиёда аз ҳаштод дарсади заминҳои киштшавандаи шаҳру навоҳии вилоят тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Мавриди зикр аст, ки пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Панҷакент, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, қисман Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, охири солҳои шастуму ҳафтодуми қарни гузашта сохта шуда, ҳоло хеле фарсудаву корношоям гаштаанд. Ҳамин аст, ки сарфи назар аз кӯшишу талошҳои мутахассисон ҷиҳати умри дубора бахшидан ба таҷҳизоту муҳаррикҳо, дар мавсими обёрӣ зуд-зуд садамаҳои техникӣ рух медиҳанд, ки дар натиҷа кишоварзон рӯзҳову ҳафтаҳо ба об дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Бо назардошти вазъияти мавҷуда, ҳоло чанд лоиҳаи давлатӣ барои нав кардани таҷҳизоту муҳаррикҳои обкашӣ таҳия шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳала ба марҳала амалӣ мегарданд.
Бино ба иттилои Аминҷон Абдуллозода, сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, аз оғози соли нав татбиқи яке аз ин лоиҳаҳо дар ноҳияи Зафаробод шуруъ гашт. Бо воридсозии таҷҳизоти навтарини замонавии тамғаи 52В-11 дар яке аз пойгоҳҳои обкашии мавзеи Мирзочӯл-2 насбу васли он бо ширкати мутахассисони чинӣ сурат мегирад. Барои ин, аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ 10 миллион ва вилояти Суғд 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Яке аз масъалаҳои мубрам, ки доим дар мадди назар қарор дорад, ин ҳамкории судманди дуҷониба ҷиҳати фаъолияти босамари пойгоҳҳои обкашӣ бо шабакаҳои барқии Суғд маҳсуб меёбад. Дар ин самт низ, бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо, ҳамкориҳоро метавон мусбат арзёбӣ кард. Дар оғози мавсим бо намояндагони шабакаҳои барқии Суғд ва шабакаҳои барқии Истаравшан ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои қатъкунии ногаҳонии қувваи барқ дар иншоотҳои обрасонӣ ва ба амал омадани садама тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, ки ба манфиати кишоварзон мебошад.
Дар вилоят майдони 208 ҳазору 499 гектар тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардида, ҳоло бо 183 ассотсиатсияи истифодабарандагони оби полизӣ ва 297 дигар истифодабарандагони об шартномаи тарафайн оид ба хидматрасонӣ баста шудааст. Аммо фаъолияти ассотсиатсияҳо, мутаассифона, ҷавобгӯйи талаботи рӯз намебошад, зеро онҳо ҷамъоварии саривақтии маблағи оби истифодашударо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ таъмин намекунанд, ки боиси нигаронист. Имрӯз мо дар шароити низоми бозорӣ кору зиндагӣ дорем ва табиист, ки ҳар ашё ва маводи истифодашаванда арзиш дорад. Кишоварзон бояд маблағи оби истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.
То имрӯз қарзи истифодабарандагони оби шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 7,9 миллион сомонӣ, Зафаробод 28,9, Мастчоҳ 22,2, Бобоҷон Ғафуров 7,3, Конибодом 3,2, Спитамен 4,2 ва Муассисаи давлатии “Канали Хоҷабоқирғон” 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мутахассисони ҳамаи идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳии вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки бо ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, ҳаллу фасли мушкилоти молиявию техникӣ пойгоҳҳои обкаширо то 1-уми март пурра ба мавсими обёрӣ омода месозанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”