Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) чунин иброз доштанд: «Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд». Ин нукта моро водор месозад, ки ҳама рӯйдодҳои соли гузаштаро дар зеҳни хеш рӯшан намоем. Дар чунин сурат, бо таҳлилу баррасии амиқ дармеёбем, ки соли сипаригашта, воқеан ҳам, барои мардуми шарифи мо соли пурфайзу бобаракат буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи ҷаҳони муосир ҳар лаҳза тағйир ёфта, гурӯҳҳои манфиатдор бо корбурд аз василаҳои гуногун саъй доранд, ки бо эҷоди вазъи ноором ба ҳадафҳои худ даст ёбанд.
Дар Паём ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас нишон дода шуданд. Мусаллам аст, муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои умдаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтару хубтар мегардад. Паём ҳар як сокини кишварро дилпур намуд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, онҳоро зиндагии боз ҳам шоистатар дар пеш аст. Сарвари давлат вобаста ба масъалаи мавриди назар таъкид намуданд, ки барои роҳандозии амалкарди муносиб дар ин самт Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.
Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол ба сол ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулиҳо, таҳкими фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар меафзояд. Дар соли 2022 низ ин раванд идома ёфта, ба ин самт 4,3 миллиард сомонӣ равона шуд. Бо мақсади таъмини минбаъдаи шароити мусоиди зиндагии ин қишри ҷомеа Президенти мамлакат дар Паём ишора намуданд: «То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесоробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад».
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ба он ишора гардид, ин мақом ва ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеа буд. Маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва соҳибмаълумот гардондани онҳо тадбирҳои назаррасу бесобиқа андешида шудаанд. Имрӯз соҳае нест, ки занону духтарони мо дар он фаъ-олият накунанд. Бидуни шак, дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми бонувон дар ҷомеа боло рафт ва ҳамасола ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Роҳбари давлат бонувонро дар ҷомеа қувваи бузург арзёбӣ карда, таъкид намуданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Зимнан, Пешвои миллат ба вазъи ноороми ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, бори дигар ҳушдор доданд, ки таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо шиддат гирифта, оғози марҳалаи «ҷанги сард» муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни давлатҳоро халалдор кард. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо корбурд аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф барои гумроҳсозии ҷавонони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ пайваста талош мекунанд. Аз ин рӯ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. Воқеан ҳам, ин масъала хеле нигаронкунанда аст ва набояд касеро бетараф гузорад. Зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ барои амнияти ҷомеаи башарӣ хатари бузург эҷод мекунанд. Ҳамин аст, ки хушбахтона, дар кишвари мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби дигар ниҳодҳо бо додани баҳои дуруст ба ин хатар ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои тундрав талошҳои ҷиддӣ намуда, дар самти таъмини амнияти давлату сокинон чораҳои саривақтӣ меандешанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷараёнҳои номатлуб тадбирҳои иловагию амалӣ тақозо мешаванд. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат дар Паём чунин дастур доданд: «Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Воқеан ҳам, ҷиҳати муқовимат ба ҳуҷумҳои иттилоотии муташаккилона ба муқобили кишвари азизи мо, ки солҳои охир роҳандозӣ гардидааст, таъсиси чунин марказ тадбири саривақтӣ ва амри ногузир аст.
Дар фароварди Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишварро ба муносибати як рӯйдоди таърихии соли 2022, яъне пазируфта шудани ибтикори панҷуми Тоҷикистон аз сӯйи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо ва қабул шудани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи пиряхҳо самимона табрику таҳният гуфтанд. Воқеан ҳам, ҷойи ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ панҷ иқдоми ҷумҳурии мо дар робита ба масъалаи об ва иқлим аз тарафи болотарин ниҳоди байналмилалӣ, яъне СММ қобили қабул дониста шуд, ки бидуни шак, эътибори Тоҷикистонро дар миёни дигар давлатҳо боз ҳам боло бурд. Боиси сарфарозии ҳар як сокини кишвари азизамон аст, ки ҷумҳурии мо дар ин самт дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон пешгом аст.
Бо бардошт аз муҳтавои фарогир метавон гуфт, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат барои ҳар як сокини шарафманди кишвар паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар, ки мебояд ҳар банду нишондоди онро ба сифати дастури роҳнамо сармашқи кори худ қарор диҳем.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷро, номзади илми ҳуқуқшиносӣ