Ҷоми Осиё-2023: Тоҷикистон дар ҳаштякфинал
Тими миллии Тоҷикистон 22-юми январ дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “А” бар тими миллии Лубнон бо ҳисоби 2:1 зафар ёфта, ба марҳалаи ҳаштякфинал роҳ ёфт.
Бозии дастаҳо бисёр ҳаяҷоновар ва ҷолиб гузашт. Нимаи аввал бидуни гол хотима ёфт. Дар аввалин дақиқаҳои нимаи дуюм ҳамлагари тими Лубнон Бассел Жради гол зада, дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 56-ум бошад, бо сабаби бозии дағал муқобили бозигари мо Алишер Ҷалилов довар ба Қосим аз-Зейн корти сурх нишон дода, ӯро аз майдон ронд. Дар дақиқаи 80-ум Парвизҷон Умарбоев зарбаи ҷаримавиро бо гол анҷом дода, ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 92-юм партоби Эҳсони Панҷшанберо Нуриддин Ҳамроқулов бо зарбаи сар вориди дарвозаи лубнониҳо карда, ғалабаи таърихии Тоҷикистонро таъмин намуд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Қатар бар дастаи мунтахаби Чин пирӯз (1:0) гашт.
Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “А” Қатар бо 9 хол зинаи аввал, Тоҷикистон бо 4 хол мақоми дуюмро гирифтанд ва ба ҳаштякфинал баромаданд. Чин бо 2 хол ва Лубнон бо як хол ҷойҳои сеюму чорумро касб карданд. Лубнон иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2023 анҷом дод. Пас аз натиҷагирии марҳалаи гурӯҳӣ Чин низ имкон дорад аз ҷои сеюм ба плей-офф роҳ ёбад.
Ҳарифи тими миллии Тоҷикистон дар ҳаштякфинал дастаи ҷои дуюми гурӯҳи “С” (Эрон ё Амороти Муттаҳидаи Араб) мебошад. Ин бозӣ 28-уми январ, соати 21:00 бо вақти Душанбе, доир мегардад.
Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бо ширкати 24 тими беҳтарини қора то 25-уми январ идома меёбад. Дудастагӣ аз ҳар гурӯҳ, инчунин, чор дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон додаанд, мусобиқаро дар даври ҳаштякфинал идома медиҳанд.
КУРАШ
Аввалин чемпионати Тоҷикистон доир гашт
19-20-уми январ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар аввалин Чемпионати Тоҷикистон оид ба кураш доир гашт.
Рақобатҳо аз рӯи 7 вазн миёни мардон сурат гирифта, Сомон Аламов (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Алӣ Боқиев (-73кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-81кг), Умар Расулов (-90кг), Фирдавс Насимов (-100кг) ва Шарифҷон Назриев (+100кг) ғолиб омаданд.
Ҳамчунин, дар чемпионат рақобатҳои махсус миёни паҳлавонони тоҷик бо варзишгарони кишварҳои хориҷ баргузор шуда, Хайрандеш Муродзода бар Брайн Лусиян (Молдова), Мирзоҷамил Рамазонов бар Эсен Мӯсоев (Қирғизистон) ва Муслимбек Каримов бар Муродулло Муродалиев (Ӯзбекистон) дастболо шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”