27-уми декабри соли 2023 тасдиқномаи «Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ” (“NGFS”) дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба NGFS дастрас гардид.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) аз соли 2018 ҳамчун нозири NGFS, аллакай, мақоми танзимкунанда ва ниҳодҳои назоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Арманистонро барои узвият ба NGFS дастгирӣ кардааст.
NGFS шабакаи гурӯҳи бонкҳои марказӣ ва мақоми назоратии пруденсиалие мебошад, ки дар доираи фаъолияти он кишварҳои аъзо дар самти табодули таҷрибаи пешқадам, саҳмгузорӣ дар рушди идоракунии хавфҳои муҳити зист ва иқлим дар бахши молиявӣ ва ҷалби маблағҳо барои дастгирии раванди гузариш ба иқтисоди устувор ҳамкорӣ менамоянд. Ин нукта боиси зикр аст, ки 121 бонки марказӣ, аз ҷумла бонкҳои марказии ИМА, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Чин, Гурҷистон ва Ӯзбекистон узви шабакаи мазкур буда, дар доираи он табодули таҷриба байни кишварҳои аъзо сурат мегирад.
Ҳадафи шабакаи мазкур муайянсозӣ, пешбурд ва саҳмгузорӣ дар рушди таҷрибаҳои беҳтарин дар дохил ва берун аз узвият дар NGFS, ҳамчунин, гузарондани корҳои таҳлилӣ оид ба маблағгузории сабз мебошад. Иқдоми мазкур ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2027 ва суръат бахшидан ба раванди татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (2016) мусоидат хоҳад намуд.
Интизор меравад, ки шомилшавӣ ба NGFS огоҳии иштирокчиёни бозори молиявиро ба масъалаҳои иқлимӣ афзуда, ба маблағгузории устувор ва сабз дар Тоҷикистон суръат мебахшад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”