Дар аксари маъхазҳо Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро чун арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси маъруф, узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шуравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд мекунанд, аммо дар бораи фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии эшон хеле кам гуфта шудааст. Маҳз ба ҳамин хотир, публитсист-рӯзноманигори шинохта Иброҳим Усмонов дар китоби худ "Журналистика" ба таҳқиқ ниёз доштани ин ҷанбаи ҳаёти Бобоҷон Ғафуров ишора карда, чунин менависад: "Имрӯз яке аз вазифаҳои муҳим дар илми ғафуровшиносӣ бояд ҷамъоварии навиштаҳои публитсистии ӯ бошад".
Лоиқи зикр аст, ки академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти касбии худро маҳз аз рӯзноманигорӣ оғоз намуд. Аввалин мақолаҳои ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бедории тоҷик» соли 1928 ба чоп расиданд. Воқеан, ӯ аввалин тоҷикест, ки Университети коммунистии журналистикаи шаҳри Москваро хатм кардааст.
Ҳанӯз аз давраи наврасӣ Бобоҷон Ғафуров ҳунари таблиғӣ дошт ва дар мактаб, чойхона, ҷамоат ва ТОЗ-ҳо барои бесаводон рӯзнома мехонд. Чун соҳибқалам буд, роҳбарии ҷаридаҳои мактаб ва ҷамоатро ба ӯ бовар карда буданд. Замони кору фаъолияти ӯ ба таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон рост меояд. Дар ин солҳо Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба мавзуъҳои дифоъ аз халқи заҳматкаш, бузургдошту арҷгузорӣ ба миллати тоҷик, мубориза зидди ноадолатиҳои давр ва амсоли инҳо мақолаҳо эҷод менамуд.
Гарчанде фаъолияти аллома ба хотири бартараф кардани камбудиҳо равона шуда буд, аммо ӯ барои нигоштаҳояш рӯзи ором надошт. Аз ҷумла, хоҳараш Тоҷинисо Ғафурова давраи фаъолияти рӯзноманигории ӯро бо сӯзи дил ба ёд меорад, зеро мубориза баҳри озодӣ ва хушбахтии халқ ҷони Ғафуров ва пайвандонашро зери хавфу хатар қарор дода буд.
Соли 1935 фаъолияти рӯзноманигории Бобоҷон Ғафуров вусъат ёфта, дар муҳити журналистӣ, илмӣ ва давлатии Тоҷикистон ӯро дар қатори дигар ҳамкасбони корчалонаш «университетхона» ном мебурданд. Дар он давра чунин унвон ба шахсони сармақоланавис, ки дар раванди ташаккули матбуоти шаҳриву ноҳиявӣ ин ҳунарро ба худ касб карда буданд, дода мешуд.
Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки таҳсил дар Университети коммунистии журналистӣ дар Москва на танҳо ҳунари журналистӣ, балки донишҳои сиёсии эшонро баланд бардошт, зеро дар ин даргоҳ ба ӯ шахсони маъруфи сиёсии ҳизбӣ ва давлатии шуравӣ, инчунин, роҳбарони Коминтерн дарс мегуфтанд. Пас аз хатми он, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорати нигорандагияшро ба инобат гирифта, ӯро муҳаррири маҷаллаи ҳизбии "Ба ёрии коркуни партия" таъин намуданд.
Фаъолият дар ин маҷалла таваҷҷуҳи Ғафуровро ба инъикоси масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ афзуд. Соли 1940 бештари матолиби ӯ оид ба ҳуқуқи озодиҳои занон ва таҳсилу фаъолияти онҳо бахшида шуда буд.
Публитсист Иброҳим Усмонов ба ҳунари нигорандагии Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, мегӯяд: "Ман мақола ва гузоришҳои арбобони давлатии гуногунсатҳро дар марҳалаҳои гуногуни шуравӣ бисёр хонда, таҳқиқ кардаам, аммо бо чунин бадеият, асноди таърихӣ ва таҳлили касбӣ навиштанро барои ҳимояи миллат, кишвар, халқ ва маданияти ом надида будам".
Дар ҳақиқат, ҳангоми мутолааи мақолаҳои Ғафуров, пеш аз ҳама, меҳру муҳаббати ӯ ба таърихи пурифтихори миллати худ эҳсос мешавад.
Саъдулло Ҳайдарӣ, пажӯҳишгари корномаи Бобоҷон Ғафуров, оид ба аҳамияти фаъолияти рӯзноманигории академик чунин гуфтанд:
– Маҳз шуруъ кардани фаъолият дар журналистика Бобоҷон Ғафуровро дар роҳи минбаъдаи кор дар пажӯҳиши таърих муваффақ гардонд. Чун журналистика ин ҳунари бо омма кор кардан аст, ки ба шахс роҳу усулҳои кор дар дигар самту соҳаҳоро боз мекунад.
Аз гуфтаи пажӯҳишгарон бармеояд, ки рӯзноманигорӣ Бобоҷон Ғафуровро муваффақ гардонда, барои фаъолияти пурсамари минбаъдааш дар зинаҳои гуногуни мақомоти ҳизбиву давлатӣ заминаи хуб фароҳам овард.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"