Тавассути дарсҳои ҷуғрофия дар муассисаҳои таълимӣ хуб медонем, ки Федченко (аз соли 2023 номаш Ванҷях) бузургтарин пиряхи Тоҷикистон аст. Сабаби чунин ном гирифтани он қиссаи ҷолиб дорад. Нахустин бор ин пирхяро соли 1876 пажўҳишгар ва гардишгари рус В. Ф. Ошанин ба оламиён ошно кард ва ба хотири гиромидошт онро ба номи дўсташ А. П. Федченко, яке аз аввалин таҳқиқгарони Осиёи Миёна, гузошт.
ФЕДЧЕНКО КӢ БУД?
Алексей Павлович Федченко биолог, географ, ҷаҳонгарди машҳури рус ва яке аз пажўҳишгарони номвари Осиёи Миёна мебошад. Ҳангоми сафар ба Осиёи Миёна (солҳои 1868-1871) ў маводи фаровонро доир ба табиат, олами ҳайвонот, география ва этнографияи минтақа ҷамъ овард. Таҳқиқоти илмии Федченко, асосан, ба паразитология ва энтомологияи Осиёи Миёна бахшида шудаанд. Қобили зикр аст, ки ў аввалин ва ҷавонтарин кашшофи табиати паси қаторкўҳи Олой ба ҳисоб меравад.
Федченко 7-уми феврали соли 1844 дар шаҳри Иркутски императории Русия таваллуд шуда, соли 1860 донишҷўи Донишгоҳи Москва мегардад. Бори аввал соли 1863 ҳамроҳи бародарбузургаш дар экспедитсияи илмии кўлҳои намаки ҷануби Русия иштирок карда, коллексияи хуби ҳашароти дуқанота ва серқанотаро ҷамъ меорад ва дар асоси онҳо нахустин мақолаи илмии худро менависад. Таассурот аз экспедитсия ва пажўҳиши табиат замина барои таъсиси Ҷамъияти дўстдорони табиатшиносӣ, антропология ва этнография дар назди Донишгоҳи Москва гардид. Муддате омўзгорӣ кард. Соли 1867 Федченко бо Олга Армфелд издивоҷ намуда, ҳамҷоя, асосан, ба таҳқиқ ва омўзиши табиати Финляндия ва Шведсия машғул шуданд.
ТАЪРИХИ ОМАДАН БА БАДАХШОН
Соли 1868 таваҷҷуҳи аъзои Ҷамъияти дўстдорони табиат, антропология ва этнографияро Осиёи Миёна ҷалб менамояд. Моҳи октябри ҳамон сол оилаи Федченко азми сафари Осиёи Миёна карда, то соли 1871 табиату ҷуғрофиёи онро омўхтанд.
Баъдан, Федченко ҳангоми сафар ба хонигарии Ҳўқанд бори нахуст ба водии Олой омад ва нуқтаи баландтарини ин қаторкўҳ – қуллаи Фон Кауфман (ҳоло қуллаи Абуалӣ ибни Сино, Мурғоби ВМКБ)-ро кашф ва тасвир намуд. Вале вазъияти мушкили бамиёномада, бавижа имконоти маҳдуди иқтисодӣ ва таъмини хўрок, имкон надод, ки ў омўзишро дар Бадахшон идома диҳад.
Ҳамон сол зану шавҳар ба Москва баргаштанд ва ба танзиму мураттабсозии мавод ва хондани лексия оид ба натиҷаи пажўҳиши хеш пардохтанд. Натиҷаҳои экспедитсия таваҷҷуҳи доираи васеи олимонро ҷалб кард. Аз ҷумла, моҳи майи соли 1872 дар Намоишгоҳи умумироссиягии политехникии Москва экспонатҳои ба Осиёи Миёна бахшидаи Федченкоҳо беҳтарин эътироф гашт.
МУАРРИФИИ ТАБИАТИ БАДАХШОН ВА МАРГ ДАР ҚУЛЛА
Натиҷаҳои назарраси илмии оилаи Федченкоҳо ба назари пажўҳишгарони марказҳои илмии хориҷӣ уфтод ва моҳи сентябри соли 1872 зану шавҳар ба Франсия ва сипас ба шаҳри Лейпсиг (Олмон) даъват шуданд. Федченко дар яке аз лабораторияҳои Донишгоҳи Лейпсиг ба кор оғоз намуд, аммо андешаи идомаи таҳқиқи Бадахшон ва ташкили экспедитсияи махсус ба ин минтақа ўро тарк намекард. Ин буд, ки тобистони соли 1873 ба қароре омаданд, ки баҳри омодагӣ ба экспедитсияи Помир нахуст қуллаи кўҳҳои Алп (Аврупои Ғарбӣ)-ро фатҳ кунанд ва бо таҷрибаи бештаре ба Бадахшон роҳ пеш гиранд. Ба ин хотир, Федченко 31-уми августи соли 1873 ба деҳаи Шамони доманакўҳи Монблан (сарҳади Фаронса ва Италия) меояд ва барои худ роҳбалад пайдо карда, пайи фатҳи қуллаи нав мешавад. Аммо номусоидии вазъи ҳаво, беморӣ ва бетаҷрибагии роҳбаладҳо боиси фавти Алексей Федченко мегардад. Ў он замон ҳамагӣ 29 сол дошт ва мазораш ҳоло дар деҳаи Шамони аст.
Федченко аз аввалин пажўҳишгарони аврупоӣ буд, ки ба омўзиши наботот ва ҳайвоноти Осиёи Миёна машғул шуд. Аз натиҷаи экспедитсияи илмии ў ҳамсараш Олга Александровна пас аз марги ў соли 1875 асаре бо номи “Сафари Варорўд” (“Путешествие в Туркестан”)-ро омода мекунад ва он соли 1950 дар Москва нашр мешавад. Аз ҷумла, дар китоби мазкур чунин навишта шудааст: “Тоҷикон, ки ба нажоди эрониҳо тааллуқ доранд, сокинони нахустини кишвар мебошанд ва то имрўз шакли худро нағз нигоҳ доштаанд. Ҳарфи ниҳоӣ бештар ба аҳолии кўҳсори водӣ, ки онҳоро тоҷикони кўҳистон ё ба қавли мардуми маҳаллӣ ғалча мегўянд, дахл дорад”.
ИДОМАИ РОҲРО ҲАМСАРУ ПИСАРИ ФЕДЧЕНКО ПАЙМУДАНД
Пажўҳиши Федченкоро дар Осиёи Миёна, бахусус Бадахшон ва дигар минтақаҳои кўҳии Тоҷикистон, ҳамсараш Олга ва писараш Борис идома дода, соли 1901 кўҳҳои Помирро фатҳ намуданд. Натиҷаи ин сафар ва таҳқиқ асари мондагор ва бунёдии “Набототи Помир” буд, ки ҷаҳиши бузург дар омўзиши “Боми ҷаҳон” мебошад.
Федченко дар рафти ин саёҳату экспедитсияҳо 75 мақолаву гузоришро дар матбуоти даврӣ ба чоп расонд. Асари бунёдии “Сафари Варорўд” дар заминаи онҳо мураттаб ёфт. Дар асар доир ба таъриху фарҳанги тоҷикон ва олами рустаниву ҳайвоноти Осиёи Миёна маълумоти фаровон дода мешавад. Ин китобро тарҷумони номошно Муҳаммадшариф Рустамзода аз русӣ ба тоҷикӣ баргардонд ва он соли 2018 дар силсилаасари “Андар шинохти тоҷикон”, ки мураттиб ва муаллифи ғояаш таърихнигори шинохта Насрулло Убайдуллозода аст, чоп шуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”