26-уми декабр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ як либоси варзишӣ (футболка) бо нақшу нигори миллӣ, Парчами давлатӣ ва навиштаҷоти «Эмомалӣ Раҳмон», тӯб бо соядасти футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфа гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки туҳфаҳои нодир дар асоси дастури Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ супурда шуда, дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ба маъраз гузошта шуданд. Либоси варзишӣ ва тӯб 22-юми январи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президент ба Давлати Қатар ва вохӯрии Пешвои миллат бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол аз ҷониби намояндагони Федератсияи футбол тақдим гардида буданд.
Дар Душанбе Ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид
28-уми январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ Ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ таҷлил гашт.
Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан афрӯхта шуда, дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт шодмонӣ намуданд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон маҳсули бо ранҷ парвардаи худ, инчунин, тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо пешниҳоди сокинон гардонда, техникаи соҳавӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари Ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузоштанд.
Сарвазири Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар бо дипломати тоҷик мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Анвар-ул-Ҳақ Какар бо Исматулло Насредин бинобар анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Покистон мулоқот намуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, зимни вохӯрӣ Сарвазири Покистон ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеа ва густариши ҳамкории назаррас байни ду давлат баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Покистон ва Тоҷикистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлон касб намуда, идомаи самарабахш меёбанд.
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ баргузор гашт
26-уми январ дар шаҳри Бӯстон мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуда, ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо ҷиҳати идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хатти сарҳади ҳар ду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои дахлдор доданд.
Таҳкиму густариши робитаҳо бо минтақаҳои шимоли Олмон баррасӣ шуданд
Бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳо бо минтақаҳои шимоли Олмон сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн сафар намуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки И. Сатторов дар шаҳри бандарии Кил бо Сарвазири ин устони федеролӣ Даниел Гюнтер мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо тақвияти равобити минбаъда байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Шлезвиг-Ҳолштайнро дар бахшҳои иқтисод, манбаъҳои неруи таҷдидпазир, илму маориф, фарҳанг ва муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар Душанбе миқдори роҳҳои дусатҳа зиёд мешавад
Бо мақсади сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Тарас Шевченко ва Моёншо Назаршоев маҷмааи меъмории «Майдони Ғалаба» ба ҳудуди «Боғи Ғалаба» кӯчонда мешавад, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин, тибқи нақша давоми солҳои оянда дар Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи Қаҳҳоров-Даврӣ-Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Муродалӣ Шерализода сохта мешаванд.