Дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсиси мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ ҳузур доштанд.
Cардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ҷамъомадро оғоз ва аҳли толорро ба муносибати 32-юмин солгарди таъсиси ин ниҳод табрик намуд. Зимни суханронии худ ӯ иброз дошт, ки мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 32 соли фаъолият, вобаста ба шароити замони муосир, дар марҳалаи такмилу таҷдид қарор дорад.
Имрӯз мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҷаҳонии гумрук ва иштирокчии як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Чунин заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар оянда чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти кишвар дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бо ёдоварӣ аз марҳалаҳои тайшуда ва раванди ташаккули ин сохтори муҳими давлатӣ, зикр гардид, ки фаъолияти назарраси кормандони мақомоти гумрук барои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат пайваста тадбирҳо меандешад. Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ дар назди кормандони гумрук низ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо менамояд.
Фаъолияти ҳаррӯзаи Хадамоти гумрук натиҷагирӣ шуда, барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои гумрукӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарон ва кормандони фаъоли Хадамоти гумрук бо ифтихорнома ва нишони сарисинагӣ қадр гардиданд. Ҳамчунин, бо назардошти саҳми муносиб дар ин самт ва ҷоннок намудани фаъолият кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас бо нишони Аълочии мақомоти гумрук, медали ҷашнии “30-солагии мақомоти гумрук”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорнома, раҳматнома, рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук сарфароз шуданд.
Зикр бояд кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023" нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2023 ба маблағи 7 408,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, баъдан бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо нақшаи аниқшудаи пардохтҳои гумрукӣ дар ин давра маблағи 8 008,8 миллион сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, воридоти пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда 5 926 миллион сомонӣ, боҷи гумрукӣ 1 050,8 миллион сомонӣ, боҷи содиротӣ 178,2 миллион сомонӣ, андози аксизӣ 707 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти ғайриандозӣ 146,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл ба буҷети давлатӣ 9 079,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда ба қадри 1 670,8 миллион сомонӣ ё 122,6 дарсад ва нисбат ба нақшаи аниқшуда ба андозаи 1 070,7 миллион сомонӣ ё 113,4 дарсад зиёд мебошад. Пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда нисбат ба пардохтҳои гумрукии дар соли 2022 ҷамъовардашуда ба маблағи 1708,5 миллион сомонӣ зиёд мебошанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”