Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, бо асарҳо, хосса бо асарҳои таърихияш, дар миёни хонандагон ва муҳаққиқон аз маҳбубияти махсус бархӯрдор мебошад. Чанде пеш меҳмони «Ҷумҳурият» буданд ва бо хабарнигори рӯзнома суҳбат анҷом доданд.
– Ба эҷоди Шумо, дурусттараш бо таълифотатон, ки мурод таълифи адабист ва дар матбуоти даврӣ нашр мегардид, аз соли 1984, яъне чил сол боз ошноӣ дорам. Дар оғоз ба таълифи ҳикоя машғул будед ва бо дуои нависандаи зиндаёд Ҷалол Икромӣ ба майдони адабиёт ворид шудед. Баъдҳо ба таълифи қисса, аз қабили «Давлати сарам модар», «Дунёи сабзи ишқ» рӯй овардед. Пас аз он ба эҷоди роман гузаштед.
– Романи «Куруши Кабир»-атон дар адабиёти муосири мо як навъ таҳаввулот буд. Чӣ Шуморо водор намуд, ки ба иҷрои ин амали сангину душвор камари ҳиммат бибандед?
– Дар ҳақиқат, дар оғози фаъолияти эҷодиям ба навиштани ҳикоя бештар аҳамият медодаму майл доштам. Дуруст ёдовар шудед, ки қиссаҳоям баъдҳо таълифу нашр шуданд. Яъне, доираи мавзуъҳои эҷодам васеъ шуд ва гуногунпаҳлу. Аз хондани онҳо дарёфтан мушкил нест, ки ҳамзамон, эҳсосам ҷудогуна ва фарқкунандаанд. Куруши Кабир диққати маро аз замони мактабхонӣ, дар деҳот ҷалб кард. Дар китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» бо расми зане дучор шудам, ки сари буридаеро дар даст дошт ва зернавишташ ба ин маъно буд: «Ман туро бо хун сер хоҳам кард, эй Куруши ҷаҳонгир». Дар ин даврон, яъне мактабхонӣ, мавод барои хондану бештар ошно шудан пайдо накардам, бо ин ки китобхонаҳо пур аз адабиёти илмиву бадеӣ буданд. Ҷустуҷӯро идома додам ва танҳо дар даврони донишҷӯӣ, солҳои охири таҳсилам бо хондани асари Ҳеродот, ки падари таърих номаш мебаранд, ба мақсудам расидам. Мехостам, ки дар бораи ин марди мондагори таърих асари калонҳаҷм таълиф кунам, аммо камии қудрату таҷрибаи эҷодиям ба ин монеъ мешуд. Инчунин, пеш аз истиқлоли давлатӣ ин гуна имконият мавҷуд набуд, ки сафари эҷодӣ анҷом бидиҳам ва ҳам асари миллӣ таълиф бикунам.
– Оё бе сафари эҷодӣ таълифи «Куруши Кабир» мумкин набуд? Магар на баъзе аз нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ дар иҷрои ин амал муваффақ шудаанд?
– Ман дӯст намедорам, ки аз ин шева кор бигирам ва дар ҳуҷра нишаста асар таълиф намоям. Тахайюл дар ҷои худ аст, ҳақиқат низ. Барҳақ ҳам иброз доштаанд: «Шунидан кай бувад монанди дидан?». Ба Тахти Ҷамшед, ба Эрон 5 бор сафари эҷодӣ кардам ва барои таълифи ин асар китобҳои зиёдро мутолаа кардам. Пас аз пажӯҳиши бисёр ва дидани ҷойҳои муҳими таърихӣ чун мутмаин шудам, ки барои таълифаш омода гардидаам, онро эҷод кардам. Маълумот, факту санадҳои бисёр дастрасам шуда буд: интихоб ба осонӣ даст намедод. Инчунин, воқеияту ҳодисахои таърихиро ба забони бадеӣ баён кардан на ҳар касро бе омодагии ҷиддӣ даст медиҳад.
– Гузаштагони Куруш, мегӯянд, ки аз Балх, Бохтари Қадим, яъне аз ин сарзамин ё худ қаламрав рафтаанд. То куҷо ин ҳақиқат дорад?
– Оре, ин дуруст аст. Дар сарчашмаҳо, таърихномаҳо ин ҳақиқат зикр мешавад. Барои таълифкунанда зарур аст, ки таъриху ҷуғрофиёи ин сарзаминро бидонад, то дар эҷод хато накунад. Мурод аз таълифи «Куруши Кабир» парвардани ҳисси ифтихори миллӣ, боло бурдани он, шинохти гузашта ва гузаштагони худ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон ва низ адибону муҳаққиқонро ба ин ҷониби масъала пйваста талқин мекунанд.
– То ҷое огоҳӣ дорам, то таълифи ин асари Шумо асари бадеии калонҳаҷме дар бораи ин шахсияти мондагори таърих эҷод нашуда буд. Оё ин дуруст аст?
– Ҳамин тавр аст. Он гуна, ки зикр кардам, таърихномаҳо, маълумот бисёр буд, аммо асари бадеии калонҳаҷм ё худ роман вуҷуд надошт. Пажӯҳишу ҷустуҷӯи ҷиддии ман, сафарҳои эҷодиям ба ин хотир аз соли 1995 шуруъ шуд.
– Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон, яъне соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон доштанд. Албатта, боиси ифтихори мо аст, ки нахустин бор Куруши Кабир Эъломияи ҳуқуқи башарро пазируфт ва интишор дод. Дар ин маврид чӣ гуфтание доред?
– Куруши Кабир бо Эъломияи ҳуқуқи башар номи худро дар таърихи ҷаҳон чун шоҳи адолатпарвар барои умре сабт кард. Он дар Бобул таълиф ёфтааст. Пештар аз Куруш, албатта, эъломияҳои ҳуқуқӣ буданд, аммо дар бораи дигар ҳуқуқҳо. Куруши Кабир пазирандаи Эъломияи ҳуқуқи башар, яъне тамоми инсоният, маҳсуб мешавад. Ман аз он ифтихор мекунам, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи ин Эъломияро оварданд, боғи ба номи Куруши Кабирро бунёд ниҳоданд ва дар он ҳайкали ин шахсияти мондагорро гузоштанд. Яъне, ба ин васила, қадамгоҳи бузурги Куруши Кабир Тоҷикистони азизи мо шуд. Мардуми мо бештару беҳтар шоҳи адолатпешаи таърихияшонро, ки дар се қаламрав: Осиё, Аврупо, Африқо, ҳукм меронд, шинохтанд. Гердер, файласуфи олмонӣ, мегӯяд: «Агар дар ҷаҳон даҳ шоҳи адолатпарвар гузашта бошад, яке аз онҳо Куруши Кабир аст ва агар якто чунин шоҳ гузашта бошад, он ҳам Куруши Кабир мебошад».
– Пас аз нашри романи «Куруши Кабир» муҳаққиқон, ҳаводорони осоратон бар ин андеша буданд, ки он қуллаи аз ҳама баланди эҷодатон аст ва пас аз ин таълифи асар бароятон мушкил мешавад, аммо нашри «Камбуҷия», «Нимароҳи аъроф», «Биҳишти фиребо» назарҳову андешаҳоро дигар кард. Шумо худ дар ин бора чӣ мегӯед?
– Пас аз «Куруши Кабир», дар ҳақиқат, «Камбуҷия»-ро навишта ба нашр расондам. Камбуҷия писари Куруши Кабир буд. Эҷоди романи «Дорои бузург»-ро хостам шуруъ кунам. Дидам, ки ҳаҷми китоб васеъ мешавад, аз ин рӯ, «Камбуҷия»-ро асари алоҳида намудам.
Дар китоби «Таърих» (қисми 3-юм)-и Ҳеродот омадааст: Камбуҷия ба Миср қосиде фиристода, духтари Амасисро ба занӣ хост… Баъди чанд гоҳе ӯро ҳамчун духтари озодаи Амасис дуруду таҳният хонд. Вале духтар дар посух гуфт: «Шоҳаншоҳо! Огоҳ нестӣ, ки Амасис туро фирефтааст. Ӯ ба тани ман либосҳои фохираро пӯшонида, ба ҷои духтараш ба ҳузури ту фиристод…». Ва ин қазия сабаб шуду Камбуҷия – писари Куруш сахт барошуфт ва ба ҷанги зидди Миср бархест…». Месазад, ки дар бораи Дорои бузург асаре арзанда эҷод намуд. Маълумоти ҷамъовардаам он замон дар бораи ӯ кофӣ набуд. Шахсиятҳои бузурги мондагори миллатамон зиёданд ва барои ҳар кадоми он агар даҳ асар ҳам эҷод бикунем, ба манфиати миллати мо аст. Мақсади таълифи «Нимароҳи аъроф»-ро барвақттар доштам ва он дар бораи воқеаҳои рухдодаи солҳои 1990-1992 мебошад. Мо, воқеан, дар нимароҳи аъроф будем. Намедонистем, ки фардо моро, миллату давлатамонро чи интизор аст. Дар ин роман талошу заҳматҳо ва муборизаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории давлат, истиқлол ва ваҳдат ба тасвир кашида шудааст. Ҳамин тавр, мо нимароҳи аърофро бо душворӣ ҳам бошад, паси сар кардем. Романи «Биҳишти фиребо» воқеаҳои то нимаи солҳои 90-уми асри гузаштаро фаро мегирад. «Нимароҳи аъроф» давоми мантиқии ин асар мебошад.
– Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред? Бо ҳамин иктифо мекунед ё эҷодро дар ин синну сол, ки дар пайи худ заъфи пирӣ дорад, идома медиҳед?
– Ман романи «Исмоили Сомонӣ»-ро ба анҷом расондам. Он асари калонҳаҷм мебошад ва ду хатти сюжет дорад: хатти сюжети давлатсозии солҳои 90-уми асри XX ва давраи давлатсозии Исмоили Сомонӣ. Барои таълифи ин асар мақсад гузоштам, ки давлатсозии хоси Исмоили Сомониро бо давлатсозии ниёгонамон муқоиса кунам, бурду бохтҳоро таҳлил намоям. Дар романи мазкур бобе ҳаст бо номи «Суиқасд». Ба Исмоили Сомонӣ ва Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суиқасд ташкил карда буданд. Бадхоҳон, душманони давлату миллат хостанд онҳоро аз миён бибаранд. Яъне, баъзе лаҳзаҳое ҳастанд, ки бо ҳамдигар монандӣ доранд.
Бояд шукр бикунем, сипос бигузорем, ки мо маҳв нашудем, ҳастем, дар харитаи сиёсии ҷаҳон дар баробари дигар кишварҳои дунё номи Тоҷикистон вуҷуд дорад ва моро чун давлату миллат ва соҳиби забонамон, Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, эътироф менамоянд.
Ин ҳама, албатта, барои мо ифтихор аст. Бояд ба қадрашон бирасем. Давлатсозӣ бисёр душвор аст. Метавон, ҳатто бо як хатои хурду одӣ давлатро аз даст дод, маҳв сохт. Мо бояд давлату миллатамонро чун гавҳараки чашм азиз бидонему эҳтиёт бикунем.
Дар ҷаҳони имрӯза талошҳои зеҳниву маънавӣ ҷои инқилобҳои бузургро гирифтаанд. Ба дастовардҳои бузург бояд ноил бигардем, то кишварамон, давлатамонро беҳтару бештар пешрафтатар созем ва дар арсаи олам онро муаррифӣ карда тавонем. Наслеро барои ин зарур аст тарбият намоем, ки ба қадри ин ҳама неъматҳои бузурги бадастомада бирасанд.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»