Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ба шарофати истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳар сол бо шукӯҳи хоса таҷлил мешавад.
Аз ҷумла, чанде пеш ин ҷашни бостонӣ дар ноҳияи Файзобод бошукӯҳ таҷлил гардид. Зимни он гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, фурӯши ниҳол, тухмии гулу буттаҳо, дастовардҳои кишоварзон ва маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, бонувон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандон, кормандони ташкилоту муассисаҳо намунаи ҳунару маҳорат ва маҳсули меҳнати хешро, мисли чӯбтарошӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, тухмӣ ва ғайра пешниҳод карданд.
Раиси ноҳия Бобишо Холзода, иброз дошт, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии Хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, омодагӣ ба истиқболи баҳору Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
– Мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Баргузории чунин ҷашнҳо нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад, – зикр кард раиси ноҳия.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”