Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футболро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 иштирок дорад, қадр намуд.
Федератсия хабар додааст, ки баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармоиши Рустами Эмомалӣ ба тими миллии кишвар 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Бозигарони мо дар ин марҳала се бозӣ анҷом дода, бо Чин мусовӣ (0:0) карданд, аз Қатар мағлуб (0:1) гардида, Лубнонро (2:1) шикаст доданд ва аз ҷои дуюми гурӯҳ ба марҳалаи ҳаштякфинал роҳхат гирифтанд. Инчунин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии мамлакат дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналтӣ) ба даста 150 ҳазор доллари дигар, дар умум 450 000 доллар ҷудо намуд.
Хабар дода шудааст, ки дар ҳолати пирӯзӣ дар даври чорякниҳоӣ бар тими Урдун ба дастаи мунтахаб 200 ҳазор доллари иловагӣ ва дар сурати пирӯзиҳои минбаъда мукофотҳои калонтар тақдим хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё баромад ва, инак, то даври чорякфинал расид. Тоҷикистон пас аз Австралия (2007) дуюм даста аст, ки дар аввалин ширкаташ то чорякфинал роҳ ёфт.
Дар даври чорякфинал дастаи мунтахаби мамлакат 2-юми феврал бо тими миллии Урдун бозӣ менамояд. Урдун дар ҳаштякфинал бар тими Ироқ бо ҳисоби 3:2 зафар ёфт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Аҳмад ибни Алӣ”-и Ал-Райан соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”