Эмомалӣ Насриддинзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ, иброз дошт, ки омӯзгорон фаъолияти педагогии хешро дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми нав ба Маҷлиси Олӣ баён шудаанд, ба роҳ монда, саъй доранд, ки донишҷӯён дар баробари ба таври аъло аз худ намудани ихтисосҳои худ, ҳамчунин сатҳи забондониашонро баланд бардоранд. Ба ғайр аз забони давлатӣ бо забонҳои хориҷӣ, алалхусус, русиву англисӣ дуруст ҳарф зананд, мақолаву рисолаҳои дипломиву номзади илмӣ навишта тавонанд.
Солеҳ Қосимзода, сардори раёсати таълими Донишгоҳ, тазаккур дод, ки ҳоло дар шаш гурӯҳи махсуси ихтисосҳои химия, биология, молия ва қарз, ҳуқуқшиносӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ раванди таълим пурра бо забони англисӣ сурат гирифта, дар 36 гурӯҳи дигари ихтисосҳо донишҷӯён бо забони русӣ дар асоси Барномаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2020-2030 таҳсил доранд.
Мувофиқи варақаи иттилоотӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 385 муассисаи илмӣ ва таълимии ҷаҳон ҳамкорӣ дорад. Дар доираи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус қарордоде миёни Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баста шуд, ки дар асоси он аз рӯи 11 ихтисос донишҷӯёни тоҷик ду сол дар дохили мамлакат ва ду соли дигар дар ин кишвар таҳсил хоҳанд кард.
– Дар асоси қарордоди мазкур ҳоло 63 нафар аз кишвари Беларус дар Донишгоҳи мо ва 12 нафар донишҷӯйи мо дар Минск таҳсил доранд. Барои баланд бардоштани донишандӯзии ихтисосҳои соҳаи тандурустӣ бо давлати Қазоқистон табодули ду ба ду дорем. Барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён бо Донишгоҳи Даугавпилси Латвияю Донишгоҳи забонҳои Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаи тарафайн бастаем ва айни ҳол 6 донишҷӯи чинӣ дар ДМТ ва 3 донишҷӯи мо дар Пекин машғули забономӯзианд, – гуфт Илёс Ғаффорзода, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ.
Муовини ректор, инчунин, таъкид намуд, ки табодули академии донишҷӯён минбаъд низ идома меёбад ва дар назар аст, ки мувофиқи шартномаи тарафайни Фаронса ва Тоҷикистон дар соли 2024 се донишҷӯ ва як омӯзгор ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ - INALCO фиристода мешаванд.
Дар доираи аввалин Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ДМТ 10 созишномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя ба имзо расид, ки ин ҳам заминае барои табодули академӣ байни донишгоҳҳо хоҳад буд.
Ҳамчунин, барои омода кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 ихтисоси нав: бизнес-маъмуриятчигӣ, электроникаи тиббӣ, биохимияи тиббӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, фаъолияти судӣ-прокурорӣ-муфаттишӣ ва ғайра таъсис дода шуд.
Соли гузашта аввалин маротиба дар таърихи фаъолияти Донишгоҳ ихтисосҳои факултети тиббӣ ба феҳрасти ихтисосҳои Созмони байналмилалии тандурустӣ ворид гардид, ки ин дастоварди муҳими таълимӣ натиҷаи Аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ мебошад.
Дар Озмуни байналмилалии беҳтарин муҳаққиқи ИДМ, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, Маҳноза Кабирова ва Муҳаммад Таиров ширкат варзиданд. Лоиҳаҳои донишҷӯёни тоҷик дар байни олимон баҳс ба миён овард ва дар натиҷа онҳо бо нишони ифтихории "Беҳтарин муҳаққиқ"- и ИДМ қадр гардиданд.
23 майи соли гузашта дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интернет-олимпиада аз фанни химия баргузор гардид, ки дар он 127 донишҷӯ аз 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии 8 давлати хориҷӣ иштирок намуд. Донишҷӯёни ДМТ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор гаштанд.
Дар пайвасти илм бо истеҳсолот Парки технологии Донишгоҳ саҳми арзанда дорад. Соли рафта бо якчанд корхонаҳои саноатии кишвар, аз қабили ширкати Алюминийи тоҷик ва ҶДММ "Талко-Кемика"-и ноҳияи Ёвон шартномаи ҳамкорӣ баст. Олимон дар ин корхонаҳо назарияро бо амалия пайванд медиҳанд. Маркази биотехнологӣ низ бо Хоҷагии деҳқонии Неъмат Хоҷаеви шаҳри Турсунзода барои бартараф намудани зараррасонҳо ва касалиҳои токзорҳо шартнома дорад. Ба шарофати заҳмати олимон токзорҳо ҳар сол ҳосили фаровон медиҳанд.
Дар байни олимону донишҷӯёни Донишгоҳ ташаббуси байналмилалии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ҳамовозии гарм падид овард. Дар ин бобат устод Илёс Ғаффорзода чунин гуфт: "Соли гузашта аз Донишгоҳи Томски Федератсияи Россия 8 олим ба кишвар ташриф оварда, якҷоя бо мутахассисони Донишгоҳи миллӣ методологияи нави ҳифзи пиряхҳоро омода карданд, ки ҳоло зери омӯзиши олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор дорад".
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА