Вақтҳои охир оид ба корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ғайридавлатӣ шуда, мутаассифона, аз фаъолият бозмонданд, бисёр ҳарф мезананд. Ин ҳолатҳо табиист, зеро дар вақташ дар ин корхонаҳо ба маблағҳои ҳангуфт маҳсулоти гуногуни зарурӣ истеҳсол мешуданд ва садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кору музди маоши хуб ҳам буданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16 майи соли 1997, № 464, соҳибмулкон пас аз ғайридавлатӣ гардондани иншооти гуногун уҳдадор мешаванд, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ, хатҳои нави технологӣ ворид карда, истеҳсоли маҳсулоти сифатан баланди бозоргирро роҳандозӣ намуда, боз даҳҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Мушоҳидаю таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки аксари соҳибмулкони иншооти хусусигардондашуда ба ин самти масъала бепарвоӣ зоҳир менамоянд, ки ин боиси коҳиши истеҳсолот ва бе ҷойи кор мондани коргарони зиёд мешавад.
Конибодом то даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи рушдёфтатарин шаҳри саноатӣ на фақат дар вилояти Суғд, балки дар ҷумҳурӣ ҳисобида шуда, саҳмаш дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 15-20 дарсадро ташкил медод. Чунки дар ин шаҳри саноатӣ корхонаҳои бузурги истеҳсолии дорои аҳамияти иқтисодидоштаи минтақавию ҷумҳуриявӣ, аз қабили корхонаи дӯзандагии “Швейместпром” бо филиалҳояш дар Ашту Исфара, ки зиёда аз 3,5 ҳазор нафар коргар дошт, корхонаи истеҳсоли консерв, корхонаи пахтатозакунӣ, ки ҳосили пахтаи се ноҳияро қабул мекарду ҳазорҳо нафар соҳиби шуғли доимӣ буданд, корхонаи “Автозапчаст” машҳур дар ҷумҳуриву минтақаи Осиёи Марказӣ ва корхонаи равғанбарорӣ фаъолияти пурсамар доштанд. Корхонаҳои зикршуда, дар оғози соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти худро дар шаклҳои ҶСК ва ё ҶСШП ба роҳ монда, баъдан хусусӣ шуда бошанд ҳам, ба ҳадафи асосӣ – ривоҷу равнақи бемайлони истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти муосири рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ нарасиданд, зиёда аз ин, аз кор бозмонда, дар ҳолати вайрону валангор қарор доранд. Ин ҳолат дар аксари иншооти хусусигардондашудаи шаҳри Конибодом мушоҳида мешавад.
– Ин вазъият боиси нигаронии роҳбарият ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр гаштааст. Дили одамон аз он реш-реш мешавад, ки ҳамаи иншооти айни ҳол валангору бекорхобида бо маблағи давлат бунёд шуда, сарчашмаи ризқу рӯзии мардум буданд. Мо бо соҳибмулкон дар мавриди фаъолгардонии корхонаҳо борҳо мулоқот кардем, мутаассифона, самар намеорад, зеро онҳо дар ин бора мавқеи муайян надоранд, – мегӯяд Абдусалом Тӯхтасинзода, раиси шаҳри Конибодом
ҶДММ “Ассор” дар радифи ҳамин корхонаҳои бузурги аз фаъолият бозмонда қарор дорад. Аз хусусигардонии он зиёда аз 15 сол сипарӣ шуд. Ҳарчанд соҳибмулк борҳо аз мулоқот бо ширкатҳои гуногуни хориҷӣ иттилоъ додааст, вале аз тарафи он ягон кӯшиши мушаххаси истифодаи самараноки ин корхонаи азим ба назар намерасад.
Бо назардошти аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ доштани ин корхона, ки аҳолии шаҳру вилоятро бо маҳсулоти зарурии равғани рустанӣ таъмин мекард, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ (23-юми декабри соли 2022) дастур дода буданд, ки чун дигар корхонаҳои истеҳсоли равғани манотиқи гуногуни мамлакат “Ассор” низ аз нав эҳё ва ё навсозӣ шуда, истеҳсолоти муътадили маҳсулотро ба роҳ монад. Аз ин дастур як сол гузашт, аммо дар корхона ҳеҷ пешравӣ ба назар намерасад. Ҳамин буд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии чанде қабл доиргаштаи фаъолони вилояти Суғд ин масъала боз аз ҷониби раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт. Изҳори таассуф шуд, ки соҳибмулки корхона ҷиҳати татбиқи саривақтии дастури Сарвари давлат хунукназарӣ мекунаду тадбирҳои судманд намеандешад.
ҶДММ “Ассор” дар ҳудуди деҳоти Патар воқеъ буда, дар масоҳати зиёда аз 14 гектар доман густурдааст. Карим Кенҷаев, ки аз соли 1979 то 2003 директори генералии корхонаи мазкур буд, зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Корхона охири солҳои 50-уми қарни гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ки аз маҳсулоти истеҳсолкардаи он аҳолии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои гуногуни Иттиҳоди Шуравӣ баҳраманд мегашатанд. Корхона дар як шабонарӯз то 500 тонна чигитро коркард намуда, ҳамасола зиёда аз 20 ҳазор тонна равған истеҳсол мекард. Ҳамзамон, истеҳсолоти корхона тавсеа ёфта, фарогири 1,5 ҳазор нафар коргари маҳаллӣ буд. Дар деҳаи Патар бо маблағгузории корхона даҳҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ қомат афрохта, дар хизмати мардум қарор доштанд”. Ҳоло дар ин деҳа вазъият ногувор мебошад, бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Патар Диловар Беков, ҳамасола зиёда аз 3 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад.
ҶДММ “АССОР” аз соли 2008 дар симои Тӯлқун Деҳқонов соҳибмулки нави худро пайдо кард. Зимни суҳбат бо ӯ маълум гардид, ки яке аз монеаҳои асосии амалӣ нашудани нақшаҳо, ин фоизи баланди қарзҳои бонкӣ мебошад.
– Албатта, мо ба хотири эҳёи корхона солҳои аввали соҳибмулкӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, бо иқтидори пуррааш набошад ҳам, истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ мондем. Аммо таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар шароити кунунии низоми бозорӣ ва мустақилона фаъолият кардани хоҷагиҳои деҳқониву дастрасии мушкили ашёи хом – чигит эҳёи комили корхона бо иқтидори қаблии лоиҳавӣ имконнопазир аст. Бинобар ин, ҳайати соҳибмулкон ба хулоса омадем, ки дар заминаи ин корхонаи азим, дар марҳалаи аввал, коргоҳҳои хурди истеҳсоли равған, коркарди пахта ва коғаз бунёд карда, баъдан бо таҳлили воқеии талаботи бозор, силсилкоргоҳҳо бисозем, – иброз дошт Тӯлқун Деҳқонов.
Аз суханони соҳибмулк бармеояд, ки то истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корхонаи истеҳсоли равған бо коркарди 50 тонна чигиту 7 тонна равған дар як шабонарӯз ва коргоҳи пахтатозакунӣ бо таъсиси 20 ҷойи корӣ ба истифода дода хоҳанд шуд. Ҷиҳати татбиқи ин ду лоиҳаи гӯиё мушаххаси соҳибмулк муовини ӯ бо сафари корӣ ба Чин сафар кардааст.
Оё, метавон ба ҳарфҳои соҳибмулк эътимод кард? Ба ин суол вақт посух хоҳад гуфт!
Ҷовиди АШТӢ, "Ҷумҳурият"