Суди ноҳияи Файзобод имрӯзҳо Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ дар байни аҳолии шаҳраку деҳот ва муассисаҳо ба таври возеҳ фаҳмонда, мардумро ба сулҳу ваҳдат, ободонию созандагӣ, роҳ надодан ба қонуншиканӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ, террористӣ ҳидоят менамоянд.
Дар Паёми Сарвари давлат омадааст, ки таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирии содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Суди ноҳияи Файзобод баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, манфиати давлат, ҳамчунин, зимни дар амал татбиқ намудани чораҳо оид ба амалҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавӣ ва фаҳмондани қонунҳои амалкунанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Соли гузашта нисбат ба вайронкунандагони қонун ба унвонии суди ноҳия 183 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардид, ки бештараш нисбат ба вайроншавии оилаҳои ҷавон, ғайриқонунӣ додани замин, дуздиву авбошӣ, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ мебошад.
Зимни вохӯриҳо эълон гаштани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Роҳбари давлат муҳим арзёбӣ гардида, гуфта шуд, ки ин тадбир дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳокими САФАР, Аълочии матбуоти Тоҷикистон