1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 68 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 1 462 500 (як миллиону чорсаду шасту ду ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд. 2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 31 январи соли 2024, № АП-508 АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад (замима мегардад). 2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии яке аз муовинони раис аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис диҳанд. 3. Гурӯҳҳои кории тибқи бандҳои 1 ва 2 таъсисёфта вазифадоранд, ки нақшаҳои чорабиниҳои алоҳида таҳия ва тасдиқ намуда, барои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо чораҷӯйӣ намоянд. 4. Роҳбарони гурӯҳҳои корие, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб гардида, ба гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати иҷрои супориш ҳамаҷониба мусоидат намоянд. 5. Гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Кумитаи рушди сайёҳӣ маълумот пешниҳод намоянд. 6. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз рафти корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд. 7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 31 январи соли 2024, № АП-507 Замима ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, №АП-507 Ҳайати гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Роҳбари гурӯҳи корӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа); муовини роҳбари гурӯҳи корӣ – раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; котиби масъули гурӯҳи корӣ – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аъзои гурӯҳ: - муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; - муовини раиси вилояти Суғд; - муовини раиси вилояти Хатлон; - муовини раиси шаҳри Душанбе; - муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.