Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар санаду қарор ва барномаҳои вижаро ба тасвиб расонда, ба ин васила, заминаи мусоиди бозаргониро барои онҳо фароҳам овардааст. Маҳз натиҷаи дастгириҳост, ки қариб тамоми бахшҳои соҳибкорӣ дар мамлакат ҷаҳиш намуда, шумораи тоҷирони муваффақ низ, рӯз то рӯз бештар мегардад. Вале таассуфовар аст, ки иддае аз соҳибкорон ба ҷойи дар чаҳорчӯби қонун амал намудан, худпарастиро пеша мекунанд. Манфиатҳои худро дар мадди аввал мегузоранд ва дигаронро бошад, дар азоб. Чунин ҳолатро дар шаҳри Турсунзода дар фаъолияти як соҳибкор, ки ба сохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ машғул аст, дучор гардидем.
Дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода соҳибкоре, ки номаш Ҷамшед будааст, хонаи истиқоматии № 142 «а», иборат аз 7 ошёнаро бунёд намуда, ба сокинон фурӯхтааст. Моҳи марти соли 2021 бинои фавқуззикр аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ расман қабул гардида, бо тантана мавриди истифода қарор гирифтааст. Гарчанде аз байн анқариб ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале хонасоз аз уҳдадории хеш фосила гирифта, биноро бо лифт таъмин накардааст. Танҳо дар як қисми хона лифт гузошта шудааст, ки он ҳам фаъол нест.
Як истиқоматкунандаи хонаи мазкур, ки нахост номаш расонаӣ шавад, зимни суҳбат гуфт: «Хонасоз ваъда дода буд, ки лифтро оварда насб мекунад. Дар қисмати дигари бино истиқоматкунандагон аз набудани лифт норозигӣ намуда, соҳибкор билохира дар он ҷо лифт насб кард, вале тули ин муддат он боре фаъолият накардааст. Чанд маротиб аз соҳибкор хоҳиш намудем, ки лифти қисмати бинои моро низ, таъмин кунад, аммо дар посух танҳо ваъдаи холӣ мегирему бас».
Ҳарчанд талош намудем, ки сабаби то ҳол бо лифт таъмин накардани бинои бунёдкардаашро аз худи хонасоз пурсем, мутаассифона, ӯро пайдо карда натавонистем.
Уктам Зиёев, сардори Қитъаи истифодабарии манзилии №2-и шуъбаи муассисаи коммуналию хоҷагидорӣ дар шаҳри Турсунзода, дар робита ба масъала зикр кард, ки хонаи навбунёди № 142 «а» дар феҳристи баландошёнаҳои истиқоматӣ дохил гардидааст. Он аз 70 ҳуҷра иборат буда, алҳол дар он зиёда аз 25 хоҷагӣ ба сар мебарад.
– Дарвоқеъ, соли 2021 қарори раиси шаҳри Турсунзода дар бораи қабули бинои № 142 «а», воқеъ дар маҳаллаи 2-юми шаҳр ба тасвиб расида буд. Ногуфта намонад, ки дар қарор ба соҳибкор муҳлат дода шудааст, ки мушкилоти ҷойдоштаи бинои навсохтро бартараф созад. Агар соҳибкор уҳдадориашро то муҳлати муқарраргардида иҷро накарда бошад, пас, қарорашро барои беэътибор намудан ба суд ирсол мекунем, – мегӯяд Сайидамин Остоназода, муовини раиси шаҳр.
Табиист, ки аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ бар асари заминларза дар кишварҳои Сурия ва Туркия ҳазорон нафар зери биноҳои тахрибшуда монда, фавтиданд. Сареҳ аст, ки сабаби асосии фурӯ рафтани биноҳо, бесифат қомат афрохтани онҳо буд. Саволи матраҳ ин аст: «Вақте хонасоз дар таъминоти лифти бино саҳлангорӣ мекунад, магар метавон аз ӯ сифати баланди пойдевору дигар мустаҳкамии иншоотро интизор шуд?».
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»