Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин санади қабули грант ба маблағи 2 миллион доллари ИМА-ро ба имзо расонданд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Грант дар асоси тавофуқномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин, ки 21-уми августи соли 2023 дар ҷараёни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид, амалӣ мегардад. Пас аз имзои санад мулоқоти вазир ва сафир баргузор гашт. Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки савдои мутақобилаи хориҷии давлатҳои мо дар соли 2023-юм 24 дарсад афзоиш ёфта, Чин дар сохтори гардиши савдои хориҷии мамлакат дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории байниминтақавиро баррасӣ намуданд
31-уми январ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо раиси вилояти Кёнсанбукдо Ли Чеол-ву мулоқот намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ мавзуи имконияти ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ батадриҷ тақвият меёбанд.
Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия
Дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия баргузор гашт.
Аз Сафорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо иштирок намуданд. Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистон ва Россия сухан кард.
Намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Санкт-Петербург
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия таҳти унвони «Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи Олмон» бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳр ва корнамоии қаҳрамононаи халқи тоҷик дар он намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ баргузор гашт.
Аз Осорхона ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки иштирокдорон роҷеъ ба саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳр маъруза намуда, таъкид доштанд, ки дар лаҳзаҳои фоҷиабор дар радифи дигар халқу миллатҳо халқи тоҷик ба кумаки Ленингради муҳосирагашта шитофт.