Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Ҷашни Сада бо риояи расму русуми ниёгон таҷлил гардид. Ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилоят дидан намуда, барои меҳнати содиқона ба масъулон баҳои баланд дод.
Таъкид шуд, ки халқи тоҷик таърих ва фарҳанги куҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ мегузорад. Мардуми Бадахшон барои эҳёи онҳо ва густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш, саъю талош менамоянд. Сада, аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонӣ мебошад ва дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён, бо шукӯҳу манзалати хос таҷлил мегардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки баъд аз ба даст омадани Истиқлоли комили давлатӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ҷашнҳои аҷдодӣ аз нав эҳё гардида истодаанд. Ҷашни Сада дар қатори дигар минтақаҳои кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бо шукӯҳу манзалати хос таҷлил мегардад.
Моҳиятан Ҷашни Сада пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ буда, мардум онро бо табрики ҳамдигар, рақсу суруд, афрӯхтани гулханҳои бузург ва дигар расму русуми нек таҷлил менамоянд. Ғояи асосии Ҷашн гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармию корҳои дигари хайр буда, дар ин бобат, дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо амалӣ намудани онҳо, аз он ҷумла, афрӯхтани оташ, фасли баҳор ва гармию рӯшноиро даъват мекарданд.
Барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ як қатор пешқадамони истеҳсолот бо сипосномаи раиси вилоят сарфароз гардонда шуданд. Ҳамзамон, барои мудирони бахши кишоварзии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа як адади мототсикл, дорупошак, либоси махсус, дору зидди ҳашароти зараррасон, қимакунаки алаф ва мошинкаи консентратии чорво тақдим шуд.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилоят чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.
Барноз РАҲМОНШОЕВА, «Чумҳурият»