Таври маълум, хизматрасонии нақлиётӣ ҳамеша мавзуи муҳим барои инъикос буду ҳасту мемонад. Бахусус, дар шаҳрҳои бузург, аксаран пойтахти ин ё он кишвари номвар, мавзуи мазкур ба таври доимӣ зери назари аҳли қалам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад, ки як амри маъмулист. Сокинони Душанбешаҳри азиз низ атрофи хизмати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ҳамеша гуфтаниҳое доранд, ки гоҳ-гоҳе тавассути васоити ахбори омма манзур мегарданд. Мо низ дар аввалин рӯзҳои соли нави милодӣ бо чанд нафар аз сокинони пойтахт сари ҳамин мавзуъ суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи он манзур мегардад.
Салим Тағоев, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон:
– Хушбахтона, имрӯз дар шаҳри Душанбе сатҳи хизматрасонии нақлиёт хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва раиси шаҳри Душанбе дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Чанде пеш бо ташаббуси раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ 30-то нақлиёти мусофиркаше, ки бо неруи барқ ҳаракат мекунад, барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон пешниҳод шуд. Ин барои тоза нигоҳ доштани ҳавои шаҳр мусоидат мекунад. Ронандагон низ бо мусофирон муносибати нек доранд, ки ин амали онҳоро ҷузъе аз фарҳанги шаҳрдорӣ метавон арзёбӣ кард.
Сайёра Табарова, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гулбутта:
– Ман аз сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт розӣ ҳастам. Ҳоло нисбат ба солҳои гузашта шумораи автобусҳо рӯ ба афзоиш дорад, ки фоли нек аст. Таксию микроавтобусҳо ҳама вақт ба хизматрасонӣ омодаанд. Бо ин мақсад, сол ба сол роҳҳои автомобилгарди шаҳр таъмир карда мешаванд. Ҳамчунин, тармими ҷории роҳҳо анҷом мегирад. Албатта, мешавад ҳолатҳое, ки ронанда аз ҳад зиёд мусофир бор мекунад, вале ба ҳар ҳол нисбат ба чанд соли пеш хеле беҳтар шудааст.
Амина Бобоҷонзода, сокини ноҳияи Фирдавсӣ:
– Ман, ки ҳамарӯза аз нақлиёти мусофирбар истифода мебарам, пешравиҳои соҳаро бо чашми сар мебинам. Вале торафт боварам бар он қувват мегирад, ки то сатҳу сифати хизматрасонӣ, бахусус муошират байни масъулону мусофирон, ба талаботи шаҳрдорӣ мувофиқ карда нашавад, тамоми пешравиҳо дар соя ё торикӣ хоҳанд монд. Қариб ҳамарӯза дар микроавтобусҳо миёни худи мусофирон нофаҳмӣ рух медиҳад. Нофаҳмӣ, ҳамчунин, бо кондуктор, ба хотири аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон, тез-тез сар мезанад. Чунин ҳолат дар автобусҳо низ аксар вақт барои пардохти нақдӣ ва ғайринақдии роҳкиро ба назар мерасад, ки нигаронкунанда аст.
Дилноза Сатторова, хабарнигори радиои “Овози тоҷик”:
– Душанбе ифтихори ману мост. Ҳар иқдоме, ки шаҳрдорӣ ба хотири беҳбуди сокинони пойтахт анҷом медиҳад, аз ҷониби ҳар яки мо бояд тақвият дода шавад, то самари беҳтару хубтар ба бор орад. Мутаассифона, на ҳар як масъули соҳаи мусофиркашонӣ аз худ чунин як ташаббус нишон медиҳад. Аксаран парвои сатҳу сифати хизматрасонӣ надоранд. Ва ба гумони ғолиб боре ҳам ҳамагӣ чанд истгоҳ ба нақлиёти зери назораташон сафар накардаанд, ки аз воқеият огоҳ бошанд. Дигар камбуди нақлиёт мушкили асосӣ нест, мушкил ҳисси масъулият аст, ки ҳамагон бояд дошта бошем, сар карда аз роҳбарони масъули соҳа то мусофиру мусофирбар.
Сафаралӣ Қурбонов, ронандаи микроавтобус:
– Аксар вақт шикоят мекунанд, ки одамонро аз меъёр зиёд савор мекунем. Вале бубинед, ки ман ҳеҷ як мусофирро зӯран даъват намекунам, онҳо худашон маҷбур мешинанд. Тозагии дохили микроавтобус маҳз ба ҳар як нафари онҳо вобаста аст. Шумораи автобусу микроавтобусҳо дар пойтахт ба қадри кофӣ танзим аст, вале дар ҳолати набудани ҷои нишаст мусофир худаш савор шавад, мо маҷбур пеш карда наметавонем.
Аз чунин як суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ ба чунин хулоса омадан мумкин, ки, пеш аз ҳама, маърифати шаҳрнишинии мо сокинон танзими бештар мехоҳад. Имрӯз пойтахти азизи мо ба қатори зеботарин шаҳрҳои дунё кӯшиши ворид шудан дорад, шаҳри сабзу шаҳри амн. Пас, моро лозим аст, ки дар ҳамин сатҳ рисолати шаҳрнишинии худро анҷом дода бошем. Ислоҳи камбудиро аз оилаи худ, балки аз худамон сар кардаву дар ислоҳи норасоиҳои ҷузъӣ бетараф набошем. Бовар дорам, бо эълон шудани 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ мусофирону ронандагон ва ҳам масъулони соҳа дар якҷоягӣ барои аз байн бурдани камбудиҳои мавриди назар дар самти хизматрасонӣ кӯшиши бештар анҷом дода, дар ниҳоят муваффақ мешаванд.
Басона САТТОРЗОДА,
“Ҷумҳурият”