Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт бо лақаби Эйнштейн дар Қатар дар баробари Тоҷикистон маъруф шуд. Миёни хабарнигорон ва аъзои кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 бо ҳазлгӯӣ ва меҳрубониаш маҳбубият касб кард. Дар нишастҳои қабл ва пас аз бозӣ ӯ бо ҳар як намояндаи расонаҳои хабарӣ даст дода, салом мекунад ва дар ҷараёни нишаст шухӣ менамояд.
Расонаҳои варзишии маъруфи ҷаҳон пас аз ҳангомасозиҳои футболбозони мо дар бораи Тоҷикистон ва сармураббӣ бисёр менависанду ҳарф мезананд. Ӯ барои Тоҷикистон таърих месозад. Бори аввал иштирок дар Ҷоми Осиё, бори аввал баромадан ба ҳаштякфинал ва чорякфинал. Ин баландтарин дастоварди Петар Шегрт дар карйераи мураббигиаш мебошад. Албатта, бо шароитҳои фароҳамкардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ.
Петар Шегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия таваллуд шудааст. Футболбозиро соли 1984 дар клуби футболи “Калв”-и Олмон оғоз карда, дар дастаҳои “Плохинген”, “Швайкхайм”, “Алмерсбах”, “Валдорф” ва “Валдхоф Манхайм” бозӣ кардааст. Бо сабаби осеби аввалини худ дар 17-солагӣ тасмим гирифт, ки худро дар мураббигӣ бисанҷад ва муваққатан ёвари сармураббии тими “Калв” шуд. Бо сабаби ҷароҳати вазнини зону дар соли 1993, маҷбур шуд карйераи футболбозиашро хотима диҳад. Он вақт ӯ 27-сола буд. Баъдтар курси мураббигиро хатм кард ва иҷозатномаи категорияи “В”-и Ассотсиатсияи футболи Аврупо (UEFA)-ро гирифт. Аз соли 2022 бошад, мураббии дорои категорияи олӣ – UEFA Pro аст.
Петар Шегрт ҳамеша тавонистааст дар байни бозигарон нуфуз пайдо кунад ва дар онҳо руҳияи ғолиб шуданро инкишоф диҳад. Мисле ки имрӯз бо аъзои тими миллии Тоҷикистон мекунад. Ҳамин аст, ки капитани дастаамон Аҳтам Назаров гуфт: “Мо соҳиби Ҷом мешавем, чунин имконро дорем!”. Қобилияти беназири Шегртро дар муайян ва инкишоф додани бозигарони боистеъдод дар синни ҷавонӣ ба назар гирифта, ба ӯ лақаби “меъмор” додаанд.
Пас аз 4 соли кор дар “Калв”, Петар Шегрт фаъолияташро ба ҳайси мураббӣ дар клубҳои гуногуни Олмон идома дод. Баъдан, дар клубҳои Австрия кор кард. Соли 2006 сармураббии тими миллии ҷавонони то 21-солаи Гурҷистон таъин шуда, дар муддати кӯтоҳ 18 бозигари беҳтаринро интихоб кард. Аксари онҳо то ҳол ин кишварро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Як муддат сармураббии тими миллии Гурҷистон низ буд.
Соли 2011 ба Индонезия рафт ва сармураббии дастаи “PSM Makassar” таъин шуд. Ин замоне буд, ки клуб ягон бозигар дар тими миллӣ надошт. Танҳо як мавсим барои хорватии боистеъдод кифоя буд, то ба пешравии назаррас ноил шавад ва 6 бозигарро ба тими миллии Индонезия ва 4 бозигари дигарро барои тими ҷавонон U23 омода сохт.
Соли 2014 пешниҳоди бошгоҳи премер-лигаи Босния «Звезда Градакач»-ро пазируфт. Дар он ҷо низ муваффақияти назаррас нишон дод, вале бо сабаби тағйири роҳбарият камтар аз як сол кор кард.
Моҳи ноябри соли 2015 сармураббии тими миллии Афғонистон таъин шуд ва ин даста дар 8 бозии расмӣ дар 6-тоаш пирӯз гардид. Моҳи марти соли 2018 ба ҳайси сармураббии тими миллии Малдив шартномаи дусола ба имзо расонд ва дар нахустин бозии расмӣ дар сабқати AFC бо ҳисоби 7:0 бар Бутан пирӯз шуд. Моҳи сентябри ҳамон сол бошад, Малдив Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, ғолиби Ҷоми “SAFF Suzuki 2018”-и Бангладеш гашт.
Аз 27-уми январи соли 2022 сармураббигии тими миллии футболи Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ дар аввалин Ҷоми Наврӯз-2022 дар Тошканд медали биринҷӣ, дар Ҷоми шоҳ-2022 дар Малайзия ва Ҷоми Мардека-2023 дар Малайзия медали тилло гирифта, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F”, ки дар Бишкек доир гашт, ҷои якумро сазовор шуда, бори аввал дар таърих ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт. Умуман, тими миллии футболи мо аз моҳи марти соли 2022 то имрӯз бо роҳнамоии Петар Шегрт 22 бозӣ анҷом дода, дар 10 бозӣ ғолиб омад, 7 бозиро мусовӣ кард ва дар 5 бозӣ мағлуб шуд.
“Бори дуюм аст, ки айнаки маро мешикананд, ин бозигарони девона. Ҳар боре, ки гол мезананд, намедонам чаро, ба ман “ҳуҷум” мекунанд", – ин яке аз хушгӯиҳои сармураббӣ дар нишасти матбуотӣ аст.
Шегрт бо дастпарваронаш бисёр самимӣ мебошад. Шиори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – “Тоҷикистон, ба пеш!”-ро ҳамроҳи даста машҳуртар кард. Мушоҳида мекунем, ки футболбозонро дар ҷараёни бозӣ ташвиқ мекунад. Ба онҳо мегӯяд: "Ҳастии худро ба бозӣ бахшед!”.
"Мо мусобиқаро ҳамчун дастаи навкор оғоз кардем, аммо азми мо моро ба ин ҷо расонд. Мо дида будем, ки Марокаш дар Қатар чӣ кор кард (дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022) ва агар афсонаи мо ҳам ҳамон тавр идома ёбад, розиам, – гуфт ӯ ва иқрор кард: – бузургтарин бурди ман иттиҳодест, ки ҳоло дар даста вуҷуд дорад, зеро ҳеҷ чиз барои ман муҳимтар аз ҳамоҳангии байни бозигарон нест".
Вазифае, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон пеши даста гузошт, баромадан аз гурӯҳ буд. Тими миллии мо на танҳо аз гурӯҳ баромад, балки имкон дорад то даври нимфинал равад. Шегрт ҳам гуфт: “Мо барои расидан ба комёбиҳои бештар талош менамоем”.
Дар мавриди идомаи кор дар Тоҷикистон назарашро чунин баён кард: “Шартномаи ман пас аз Ҷоми Осиё ба охир мерасад. Он вақт мебинем, ки чи мешавад. Вале, агар ман чанд пешниҳод медоштам, дар ҷои аввал Тоҷикистонро мегузоштам”.
Ба Петар Шегрт ва тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври чорякфинали Ҷоми Осиё-2023 муқобили Урдун, ки 2-юми феврал доир мегардад, муваффақият мехоҳем!
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”